КАЛЪАИ ХУЧАНД, кисми таркибии истехкомии ш. Хучандро гуянд. К. X. яке аз калонтарни каъахои Осиёи Миёна буда, таърихи 2500-сола дорад. Онро Экспедицияи археологии комплексии шим. Точикистон тадкик кард. Калъа дар а-хои 6—5 то м. бино шуда, аввал садди хоки, сонитар девори нисабатан гафси бо хишти хам сохташуда дошт. Кисмхои таркибии Хучанди кадима (шахру арк) деворхои алохида доштанд ва бо хандаки васею чукурк пуроб ихота шуда буданд. Осори ин истехкомхо дар кисми марказии Ленинобод (сохили чапи д. Сир) ёфт шуданд (масох. такр. 20 га).
Дар натичаи инкишофи иктисодиёт, савдо ва афзудани шумораи ахоли шахр васеъ шуда, дар а-хои 6— 7 м. калъаи нави Хучанд сохта шуд. Худуди К- X. аз кухандиз, шахристон ва работ иборат буд. С-хои 721 —722 лашкари араб ба мукобили истехкомхои Хучанд манчаникхои худро гузошта бошанд хам, хучандиён онхоро дар назди дарвозаи работи шахр торумор карда буданд.
Хучанд дар асрхои миёна яке аз калъахои пуриктидори Осиёи Миёна ба хисоб мерафт. Дар замони истилои Чингизхон (1219—20) барои мухосираи ин шахр лашкари махсуси 25-хазораи мугулхо ва 50 хаз. асирони махаллии Осиёи Миёна барангехта шуда буданд. Дар наздикии К. X. ва чазираи дар д. Сир будаи шахр мухорибахои фидоёни хучанди бо сардории Темурмалик бо мугулхо сахифаи дурахшоне дар таърихи муборизаи озодихохии точикон буд. Дар натичаи истилон мугулхо К. X. хароб гардид, ки онро Хофизи Абру тасвир кардааст. Аммо дар ох. а. 15 мувофики маълумоти Бобур, кухандизи Хучандро таъмир намуда хамчун кароргохи хокими махалли истифода мебурданд.
Дар ибт. а. 18 бо ташаббуси хокими шахр Окбутабек Хучанд бо худуди наваш бо деворхои похсагини гафс ихота карда шуд, ки бо чузъхои фортификационии замонави: парапечу валганг, бурчхои мудаввару росткунча, дарвозахои истехкомдор, хандакхои беруни хеле мустахкам гардид. Хучанд дар баъзе самтхояш деворхои дукабата дошт. Дар хамон вакт кухандизи дохилии шахр низ аз нав таъмир шуда, деворхои пешина бо кабатхои похсагини нав руйбаст карда шуданд ва дар арки кухандиз касри нави хоким буньёд гардид. Дар а-хои 18—19 К. X. борхо ба майдони задухурдхои кушунхои Аморати Бухоро ва Хонин Хуканд табдил ёфта, харобу аз нав таъмир шуда буд. Дар с. 1866 К X. ба арсаи задухурди охирини кушунхои Россияи подшохи ва сарбозони хокими махалли табдил ёфта, хеле хароб гардид. То замони мо танхо ду китъаи он (дар самти гарбии Ленинобод) боки мондааст.
Н. Н. Неъматов.