Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / КАЛЪАИ ХИСОР

КАЛЪАИ ХИСОР

КАЛЪАИ ХИСОР, ёдгории археологи ва фортификационии мансуб ба а. 3 то м.— ибт. а. 20; 6 км дав. шарктари станцияи р. о. Хонакох, дар худуди p-ни Хисор вокеъ аст. Онро с. 1946 М. М. Дьяконов тадкик намуд. Калъа дар болои теппа чойгир шуда (масох. 17 га), аз чан. шарк ба чан. гарб тул кашидааст. К. Х. девори мустахкам, бурчхою тиркашхо ва дарвоза дорад. Калъа аз се кисм (кухандиз, «уштурхона». «кургони кулоба») иборат аст. Кухандиз (дарозиаш 200 м, бараш 150 м) дар тарафи шаркии калъа чойгир шудааст. Он ох. а. 19 —-ибт. а. 20 кароргохи беки Хисор буд. Баъди барпо шудани Хокимияти Совети дар Точикистон дар К. Х. якчанд муддат аскарони сурх зиндаги карданд. Чан. гарбтари кухандиз «уштурхона» ном дошта, дар он бинохои хочагию истикомати чой доштанд. Дар ин истикоматгоххо хешу акрабои бек зиндаги мекарданд. «Кургони кулоба» дар шим. гарбтари кухандиз чой гирифтааст. Дар ин кисм чашмахо мавчуд буданд ва асосан табакахои поёнии ахоли сукунат доштанд. Дарвоза дар тарафи чанубии калъа вокеъ гардида, аз ду тараф бурчхо дорад, ки онхо аз хиштхои пухта бино ёфтаанд.

kalai-hisor

Дар худуди «кургони кулоба» бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Точ. бо рохбарии Б. В- Зеймаль хафриёт гузаронданд. Дар натича се давраи хаёт ошкор гардид. Давраи якум ба охири даврони Кушониён (нимаи дуюми а. 4) тааллук дорад. Аз кабати мансуби ин давра бокимондахои девори бинохои истикоматии хочаги ёфт шуданд. Давраи дуюм ба ибтидои замони Кушониён (а-хои 1—3 м.), давраи сеюм ба замони Юнони Бохтар (а-хои 3—2 то м.) мансуб аст. Баъди бархам хурдани давлати Кушониён хаёт дар калъа то охири асрхои миёна бархам хурдааст. Танхо а-хои 18—19, баъди ба вучуд омадани бекии Хисор ба кароргохи бек табдил ёфт. Аз К. Х.-тангахои шохони кушони, зарфхою хайкалчахои сафоли ва г. ёфт шуданд. К. Х. мувофики карори чамъияти ихтиёрии мухофизати ёдгорихои таъриху мадании Точикисхон ба мамнуъгохи таърихи табдил ёфтааст ва тармим карда мешавад.

Ад.: Дьяконов М. М., Работы Кофирнига некого отряда. Дар мачм.: «Материалы Ин-та археологии»,№ 15, 1950.

Т. Отахонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …