КАХВА (Coffea), як чинси буттаву дарахтони хамешасабзест аз оилаи руянихо як навъ нушокиест, ки аз кахвадона тайёр кунанд. Дар чахон такр. 50 намуди К. (дар нохияхои тропики ва субтропикии Африка ва Осиё) меруяд. Факат 4—5 навъи онро дар мамлакатхои иклимашон гарми харду Нимкураи Замин мепарваанд. Махсусан К.-и араби (С. ага-ica) маъмул аст, ки он дарахти кадпаст буда, барги дарозруяи яклухт, гули калони сафед дорад. Мевааш серширан сурх ё бунафши кабудтоб; 2-то дон дорад. К-и арабиро аслан дар Хабашистон парваридаанд. Парвариши К. дар нимчаз. Арабистон (а-хои 14—15) огоз ёфтааст. Дар а. 18 онро ба Бразилия (холо 50%-и кахвазори дуньё дар хамин чост) бурдаанд. Аз хар га кахвазор кариб 2 т (аз як бех такр. 1 кг) кахвадона мегиранд. Кахвадонаро асосан дар мамлакатхои Америкаи Лотини, Африка ва Осиё истехсол мекунанд. Навъхои гуногуни кахва маъмул аст. Кахвахои ямани («мокко»); бразили («сантос» ва г.) ва колумбияги («маме») навъхои бехтарин хисоб мешаванд. Таркиби кахва вобаста ба навъаш тагйир меёбад. Кахва андаряк 13—14% моддахои нитрогендор, 0,65—2,7% кофеин, 2—3% канд, 12—15% равган, бештар аз 20% клетчатка, 3—4% моддахои минерали дорад.
Таъсири нашъабахшии кахва ба кофеини таркибаш вобаста аст. Нушокии кахва кори гадуди меъдаро низ таквият медихад. Ба шахсоне, ки бемории хафачон, захми меъда, галаёни хун (гипертония) доранд ё ба бехоби гирифторанд, нушидани кахва зарар дорад.