Маълумоти охирин

КАДАРИЯ

КАДАРИЯ (аз ар.  — сарнавишт), дахрия, чараёни динию фалсафиест, ки дар ахди хилофати Умавиён падид омада, инсонро дар интихоби рафтору кирдораш сохибихтиёр мехисобид ва озодии иродаро таргиб мекард. Маъбади Чухони ва шогирдаш Гелони Димишки асосгузорони К. ба шумор мераванд. Чухонии масехии ироки буд ва дар байни ахоли нуфузи зиёд дошт. Барои таълимоташ ба бидъат айбдор гардида, бо амри халифа Абдулмалик чормех карда шуд. Димишки сардори мактаби басрагии К. буда, акидахояшро натанхо дар диёри худаш — Димишк, балки дар Маккаву Мадина низ таргиб мекард. Уро низ ба бидъат айбдор ва с. 742 бо амри халифа Хишом аввал дасту пояшро бурида, баъд дар дарвозаи шахр чормех карданд.

Дар таълимоти К. рочеъ ба озодии ирода унсурхои динхои пешазисломи, махсусан зардуштия мушохида мешавад. Аз ин ру, мувофики хадисе гуё Мухаммад К.-ро барои оханги дуалистии таълимоташ «зардуштиёни чамоаи мусулмони» номидааст.

К. аввалин чараёни рационалистие ба хисоб меравад, ки дар дохили исломи рошиди ба вучуд омада, масъалан такдиру сарнавишти азалиро инкор кардааст ва мардумро дар кору пешаи худ озод ва сохибихтиёр шуморидааст. Махз аз хамин сабабК. ба мукобллати шадиди ашъария дучор гардида буд.

Баъзе мухаккикон муътакиданд, ки К. пеш аз муътазлия пайдо шуда ба он рох кушодааст, онхо муътазилиёнро вориси К. ва пайравони гоявии он мехисобанд. Myкаддаси К.-ро ба муътазила наздик донистааст. Абулхасани Ашъари бошад, муътазлиёну кадариёнро дар як саф гузоштааст. Аз ин сабаб пайравони чуътазиларо ахли К. низ меномиданд.

Ад.: Мухаммад и 6 в Абдал Карама ш-Шахрастани. Книга о религиях и сектах, ч. 1, М., 1984..

С. Махмадуллоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …