КАБРИСТОНИ ИСФАРА, ёдгории археологии мансуб ба хазораи 1 и., ки дар хаволии ш. Исфараи вил. Ленинобод вокеъ аст. Онро бостоншиносон Б. А. Латыиин (1934), Т. Г, Оболдуева (1936) ва кормандони Ин-ти таърихи АФ РСС Точ. (1958) тадкик намудаанд. К. И. аз ду гуристон иборат буда, дар адабиёти илми номи кабристони «Исфара-1» ва «Исфара-2» маълум аст. «Исфара-1» дар сохили д. Исфара вокеъ гашта, 70 пуштаро дар бар мегирад. Масофаи байни пуштахо 5—10 м. Пуштахоро шагал пушидааст. Кабрхои хафршуда лахаддор ва оддианд. Дар онхо майитро яктои ва cap ба чануб ё шарк дафн кардаанд. Ду кенотаф (як навъ кабр) низ кашф гардидааст. Аз кабрхо курси, табаку кузаи чуби, сабат, зуруфи сафоли, корду пайконхои филизи, мухра ва г. ёфт шуданд.
Е. Д. Салтовская.