КАБРИСТОНИ ДУШАНБЕ, ёдгории археологии мансуб ба а-хои 1— 2 м., ки дар кисми шим. гарбии ш. Душанбе вокеъ аст. Масохаташ бештар аз 20 га. С. 1951 бостоншиносон Н. Н. Забелина ва М. М. Дьяконов дар кисми шаркии кабристон хуми майитхорро ёфтанд, ки дар руи он бо хуруфи юнони ба забони тахори калимахо сабт гардидаанд. С. 1956 дар рафти сохтмон кабрхои магокии аз хишти пухта биноёфта низ ёфт шуданд. Минбаъд К. Д.-ро бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Точ. тадкик намуданд. Дар натича ду хели дафнкуни — дар Марокко ва хумхо маълум гардид. Аз кабрхои магоки халкаи тилло (диаметраш 1,7 см), порчахои зарфхои бесир, оинаи биринчи ба даст омаданд. Аз К. Д. хумхои пури устухони одами ёфт шуданд. Бозёфтхо шаходат медиханд, ки дар байни сокинони ин махал ду навъ маросими дафн вучуд доштааст.
Ад.: Литвинский Б. А., Седов А. В., Культы кушанской Вактрии, м 1984.
Э. Гуломова