ФОРС (халичи Форс), халичест дар шимолу гарби укёнуси Хинд, дар байни сохилхои Эрон ва ниммчазираи Арабистон. Дар шарк ба воситаи гулугохи Хурмуз ва халичи Уммон бо бахри Араб пайваст шудааст. Масохаташ 239 хазор км3. Тулаш 926 км, бараш аэ 180 то 320 км, чукуриаш то 102 м. Дар назди сохилхо чазирахои хурд ва дар кисми чануби рифхои марчони вокеъ гаштаанд.
Чазирахои калонтаринаш; Бахрайн ва Кишм. Ба халичи Форс дарёи Шаттулараб мерезад. Харорати об август 30—33*0, феврал 15—21°С: Шурии об 30—40%о. Чараёнхо акси гашти акрабаки соат харакат мекунанд. Сокинони атроф аз халичи Форс мохи ва гавхар мегиранд. Дар каър ва нохилхои хамшафати халичи Форс нефт фаровон аст. Бандархои асосиаш: Фао, Басра (Ирок), Ободон, Бандари Шопур, Бандари Мошахр, Харк (Эрон), Ал-Кувайт, Ал-Ахмади (Кувайт), Раъс-Таннура (Арабистови Сауди), Манома (Бахрайн), УммСаид (Катар), Абузаби (Аморатхои Муттахидаи Араб).