Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ХУТАЛОН

ХУТАЛОН

xatlon

ХУТАЛОН, Хатлон, Хаталон, номи таърихии водии Кулоб. «Хуталон» бори аввал дар сарчашмахои хитоии асрхои 5—6 м. ёдовар шудааст. Мукаддаси Хатлонро мамлакати Хаётолиён донистааст. Xатлон дар асрхо 7— 11 яке аз вилоятхои калонтарини Мовароуннахр буд.

Бино ба маълумоти географхои асрхои 10—12 мавзеъхои Мунк, Бик, Тамлиот, Паргар, Андичарог, Хулбук, Ковбанч, Барсариг, Сикандара ва Чазон ба Xатлон мутааллик буданд. Вахш (бо шахрхои Ливканду Халовард) ва рустои Кубодиён низ ба Xатлон дохил будаанд.

Xатлон таърихи кухан дорад. Олатхои сангин аз нохияи Ховалинг ёфташуда гувохи медиханд, ки одамон кариб 800 хаз. сол мукаддам дар ин сарзамин маскун будаанд. Дар асри биринчи дар бисёр нохияхои Xатлон дехахо ба вучуд омадаанд.

Дар ахди кадим (а. 6 то м.) Xатлон дар хайати Бохтар ва давлати Хахоманишиён буд. Дар а. 4 то м. дучори хучуми Искандари Макдуни шуд.

Xатлон дар тасарруфи Подшохии Юнонии Бохтар (асрхои 3—2 то м.), давлати Хайтолиён (асрхои 5—6) буд. Xатлон як муддат ба давлати Сосониён низ итоат мекардааст. Дар вакти хучуми арабхо хлао ба Xатлон хучум кард, вале онро гирифта натавониста сулх баст. Дар ахди Шохбол Xатлон мустакилияти худро нигох дошт. Баъди у ба тахти Xатлон Сойчи нишаст. Волии Хуросон Асад ибни Абдуллох с. 725 ба Xатлон лашкар кашиц. Дар мухориба хуталониён голиб омаданд ва Асад талафоти калон дода ба Балх рафт. Табари хабар медихад, ки вакти аз чанги Xатлон шармандавор шикаст хурда ба Балх баргаштани Асад ибни Абдуллох ахли Балх дар хакки у суруди тамасхуромез офаридаанд, ки он бино ба маълумоти баъзе сарчашмахо аввалин шеъри точики ба шумор меравад:

«Аа Хуталон омадия,

Ба ру табох омадия,

Обор боз омадия,

Хушку низор омадия…»

Асад бори дуюм с. 737 ба Xатлон хучум карда, онро ишгол намуд.

Бино ба маълумоти муаррихи арабизабон Диновари Xатлон яке аз аввалин вилоятхоест, ки ба харакати Абумуслим хамрох шудааст. Хуталониён шуриши Рофеъ ибни Лайсро низ тарафдори кардаанд. Дар ин давра шохи Xатлон Хошим ибни Баничури Хуталони буд. У дар ахди халифа Муътасим барои пахш кардани исёни Бобак сарлашкари арабхо таъин шудааст. Дар асрхои 9—10 намояндагони ин хонадон хокими вилхои Андероб, Бомиён, Балх ва Тирмиз буда, ба номи худ тангахо сикка задаанд. Дар ахди Сомониён Xатлон истиклолият ба даст овард, вале дар ахди Газнавиён онро боз аз даст дод.

Дар Xатлон пахтакори, галлакори, богдори, токдори ва чорводори равнак доштааст. Xатлон аз даврахои кадим яке аз вилоятхои обод хисоб меёфт. Бозёфтхои археологи гувохи онанд, ки дар Xатлон хунарманди хеле таракки карда будааст. Кулолони хуталони зарфхои гуногуни рузгор (хул, хурма, куза, коса ва табак,) месохтаанд. Дар асрхои 9—12 дар шахрхои Xатлон зарфхои мунаккашу сирдор фаровон истехсол мешудаанд. Дар ин давра хуталониён аз шишахои рангин низ зарфхо месохтанд. Дар Xатлон устохо аз санги нарм табак ва лаъли метарошиданд. Аз Xатлон рохи тичорати мегузашт ва ин ба инкишофи савдои дохилию хоричи мусоидат мекард. Дар бозорхои хоричи талабот ба аспхои хушзоти Xатлон калон буд. Аз истехсоли намаки Магатон (Хоча Муъмини хозира) ва дорувор низ Xатлон даромади калон мегирифт. Дар тичорати хоричию дохили пулхои тилло, нукра ва мис истифода мешуданд.

Шахрхои Xатлон аз кудандиз. шахристон ва работу кабристон иборат буданд. Маркази Хатлон дар асрхои миёна ш. Хулбук будааст. Он бинохои бохашамати аз хишти пухта сохташуда ва кучахои сангфарш доштааст, ки он хо аз дарачаи баланди санъати меъмори гувохи медиханд. Бозёфтхои гачии рангин бо расми хайвоноту паррандахо аз касрхои Хулбук ва Сайёд пайдо шудаанд.

Дар муносибатхои оилавии ахолии Xатлон унсурхои полиандрия чой доштанд. Дини мардуми Xатлон дар кадим зардушти буда, баъдтар ба буддоия, монавия ва дини насрони майл кардаанд. Дар асрхои 8—9 дар Xатлон дини ислом чори гардид. Асрхои 13—14 Xатлон дар хайати давлатхои Чагатоиён ва Темуриён буд. Авв. а. 16 Хатлонро Шайбонихон истило намуд. Аз а. 17 дар манбаъхои хатти Хатлонро Кулоб ном бурдаанд. Мас., дар «Убайдуллохнома» ба чои Xатлон  Кулоб истифода шудааст.

Ад.: Гафуров Б. Г., Точикон. Таърихи кадимтарин, кадим ва асри миёна, Ч. 1, Д.. 1983; Беленицкий А. М.. историко-географический очерк Хутталя с древнейших времён до X в. н. э.. МИА №15  Л—М., 1950; Бартольд

  1. В., Хутталь, Соч., т. 3, М.. 1985.

Ю. Ёкубов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …