Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ХУСРАВ ВА ШИРИН»

«ХУСРАВ ВА ШИРИН»

 

xusrav-va-shirin

«ХУСРАВ ВА ШИРИН» яке аз достонхои машхури ишкии романтикист, ки дар асоси вокеахои таърихии замони зиндагии шохи сосони — Хусрави II Парвиз, яъне киссаи ишки у ба румидухтар — Ширин ташаккул ёфта, ба адабиёти даханаки ва хаттии форс-точик ва халкхои дигари Осиёи Миёна, Хиндустон, Шархи Наздику Мнёна рох ёфт. Мувофики маълумоти муаррихи руми Феофилакт Симокатт (а. 7), арман Себеос (а. 7) ва як манбаи мачхул муаллифи суриёни шохи Эрон Хусрав ба румидухтар, ки Сира ном дошт, ошик шуда, акди никох баст. Дар асрхои 8—10 муаррихони араб ва форс-точик (Табари, Чохиз, Балъами, Саолиби ва диг. ) зимни баёни вокеоти замони Хусрави Парвиз асоси ин киссаро нигох дошта бошанд хам, ба он баъзе вокеоту лахазоти нав, обу ранги бадеи, кахрамонони нав илова кардаанд. А. 12 дар асоси ин киссаи кадими Низомии Ганчави достони ишкии романтикие офарид, ки дар адабиёти форс-точик, адабиёти халкхои туркизабон ва г. пайравони зиёде пайдо кард. Бештар аз 60 асар дар ин мавзуъ навишта шудааст, ки машхуртарини онхо «Ширин ва Хусрав»-и Хусрави Дехлави (а. 13), «Фарход ва Ширин»-и Навои (а. 15), «Хусрав ва ширин»-и Хотифи (а. 16), «Фарход ва Ширин»-» Вахшии Бофки (а. 16; нотамом, Висоли ном шоир онро ба охир расонидааст), «Фарход ва Ширин»-и Урфии Шерози, «Хусрав ва Ширин”-и Рухуламин (а. 17) ва г. мебошанд. Ба ин кисса нависандаи узбек Хуршед («Фарход ва Ширин»), шоири озарбойчони Самад Вургун (драмаи «Фарход ва Ширин», 1942), шоири турк Нозим Хикмат (драмаи «Киссаи ишк», 1948), шоирони точик М. Турсунзода ва А. Дехоти (драмаи «Хусрав ва Ширин», 1936) ва нависандагони рус Г. Птицын (драмаи «Хусрав ва Ширин», 1939) ва П. Г. Скосарев («Фарход») мурочиат кардаанд.

Ад.: Aхpopи З, Достони ишку зебои, дар кит.: Низомии Ганчави. Кулл. ч- 1. Д., 1983; Алиев Г. Ю., Легенда о Хосрове и Ширин в литературах народов востока, М., I960.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …