Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУРРАМИЯ

ХУРРАМИЯ

ХУРРАМИЯ, чараёни динию фалсафии асрхои миёнаро гуянд, ки гояхои Маздакия ва шиахои ифротиро асоси таълимоти худ карор додааст. Ин чараёнро маъмулан ба но­ми зани Маздак— Хуррама нисбат медиханд. Пайравони Xуррамия ду гуруханд. Гурухи якумро Хуррамияи кадим ё мухаммирия меноманд, ки дар нохияхои Озарбойчону Арманистон ва Хамадону Исфахон интишор ёфта буд. Онхоро аслан оташпараст ва пайравони Маздак медонанд, ки баъдан ба дини ислом гароидаанд. Гурухи дуюм Хуррамияи бобакия аст, ки Бобакро сарвари худ хисобида, ба мукобили хилофати араб ва тартиботи феодали мубориза мебурд. Мухаккики эрони Аббоси Икбол чараёнхои бобакияю мухаммирияро, ки дар ахди Маъмун хуруч карда буданд, бо Xуррамия як медонад.

Пайравони Xуррамия имоматро эътироф намуда, бовари доштанд, ки имоми онхо низ ба сифати Махди бармегардад ва дар руи замин адлу инсофро баркарор мекунад. Пайравони Абумуслимро хам Xуррамия меноманд. Дар баъзе сарчашмахо онхо бо номи хуррамдинон ёд шудаанд. Xуррамия таносухро коил буда, таносуби чисму чонро ба таври идеалисти шарх медихад. Бино ба таълимоти Xуррамия расидани вахйи илохи якбора ба ду-се кас имконпазир аст. Xуррамия чисмро тагйирпазиру фони ва рухро тагйирнопазиру абади мешуморад. Масъалаи чазою сазоро ба рух мансуб медонад. Xуррамия дар заминаи таълимоти имомат фарзу маросимхои дини исломро рад менамояд.

Пайравони Xуррамия нушидани май ва айшу ишратро (ба шарте ки ба касе зарар наорад) раво медонистанд. Xуррамия баъди шикасти исёни Бобак ба тарзи пароканда дар Озарбойчон ва баъзе дигар шахрхои Эрон, аз каби­ли Рай, Исфахон ва гайра то нимаи аввали асри 10 амал намудааст. Баъзан кайсониён, аббосиён ва хорисиёнро низ Xуррамия меноманд.

Ад.: Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат а раннем средневе­ковье, М., 1965; Петрушевский И. П., Ислам в Иране в VII—XV ве­ках, М.. 1966.               М. Султонов, И. Назаров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.