Маълумоти охирин

ХУРМОИ

ХУРМОИ, як навъ зардолуи дерпазак. Асосан дар вилояти Ленинобод (бештар дар районхои Конибодом, Исфара)-и РСС Точикистон ва районхои вилояти Фаргонаи РСС Узбекистон маъмул шу­дааст. Да­рахти Xурмои тезсабз ва дарозумр буда, аз 2—3-солаги cap карда мунтазам хосили фаровон медихад.

АБДУХОЛИКИ

Xурмои охири март гул карда мохи июл мепазад. Мевааш миёна (ба хисоби миёна 25 г), байзашакл, рангаш норинчи ва сурхи чилодор, пусташ пашмакдор, ширин нордон, донакаш калон (ба хисоби миёна 3—3,5 г) магзаш ширин. Хурмоии хушк зиёда аа 65% канд (аз чумла 29% глюко­за, 9% фруктоза, 27% сахароза), 3% чавхари себ дорад. Хангоми хушконидан аз меваи Xурмои то 40—45% гулинг ва 30—32% баргак тайёр ме­шавад. Аз касалихои занбуруги кам зарар мебинад.

АД.: Пулодов А., Руёниданн хосили фаровони зардолу, Д., 1968; хамон муаллиф, Таджикский абрикос. Д., 1976.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …