«ХУЛОСАТ-УЛ-АШЪОР ВА ЗУБ-ДАТ-УЛ-АФКОР» тазкира, таълифи Такиуддин Мухаммади Кошони. Таълифи «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор» с. 1567 шуруъ шуда, бо такмилу тахрироти зиёде с. 1607 ба анчом расидааст. Дар тазкира оид ба 651 шоири пешгузашта ва муосири муаллиф маълумот ва аз ашъори онхо такр. 35000 байт намуна оварда шудааст. «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор аз мукаддима, чахор фасл, чахор рукн ва ду кисми хотимави иборат аст. Дар мукаддима сабаби таълифи тазкира, роху равиши муаллиф дар таълифи асар ва г. шарх ёфтааст. Чахор фасли баъдина аз хусуси ишк – баёни ишк, фазилати ишк, ишки мачози ва хакики, шарти мухаббат бахс мекунанд. Пас аз ин фаслхо кисми иловагие (лохика) чой дорад, ки дар он муаллифи тазкира дар бораи назму наср ва фаркияти ин дар ду навъи каломи бадеъ сухан рондааст. Рукни аввал аз шуарои касидасарои асрхои 11—12 хабар медихад. Дар ин рукн зикри 54 шоир дар ду чилд омадааст. Чилди аввал бо шархи холи Унсури шуруъ шуда, бо зикри Хокони ба итмом мерасад. Чилди дуюм аз Захири Форёби то Афзалуддини Кошони. Рукни дуюм — «муштамил аст бар зикри газалсароёни мутакаддим ва баъзе аз касидагуён…» Дар ии рукн 42 адиб зикр гардидааст. Бо номи Саъдии Шерози огоз ёфта, бо Шохшучои Кирмони хатм мегардад. Рукни сеюм дар зикри ахвол ва ашъори 47 шоири газалсарову касидагуи мутааххир (нисбат ба замони таълифи тазкира), аз Хофизи Шерози то Мавлоно Фанои аст. Рукни чахорум зикри 102 наф. шоири а. 15-ро аз Абдуррахмони Чоми то Газолии Машхади дар бар мегирад. Дар кисмхои хотимавии тазкира мусанниф шархи холу ашъори зиёда аз 400 адиби хамзамонашро меорад. Дар ин кисмхо, ки ба «асл»-хо табакабанди шудаанд. шоирон аз руи макони зиндаги (шахру вилоятхо) зикр ёфтаанд. Ахамияти «Xулосат-ул-ашъор ва зубдат-ул-афкор» дар омузиши хаёту зиндагии шоирони асрхои 11— 16 ва нигахдории осори онон калон аст.
С. Вохидов, С. Асадуллоев.