ХУДОЙДОДЗОДА БОБОЮНУС (1870, дехаи Косатароши хозира р- ни Совет —25. 5. 1945, дехаи Чилчаи p-ни Совет), шоири халкии точик. Аз оилаи дехкон. У аз хурди ба сурудхони ва гуруглисарои шавк пайдо карда, аввал аз тагоияш ва баъдтар аз гуяндагони машхури балчувони Шукурмаст, Мирзои Хол,Нуралии Чирик ва диг. хунари гуяндагиро омухт. Сипас дар Самарканд, Хучанд, Уротеппа, Куканд мардикор буд. Дар з-дхои пахта кор кард. Соли 1916 уро ба мардикори гирифта, ба Россия фиристоданд. Он чо ба аскарони болшевики рус шинос шуд. Шохиди Револютсияи Феврал гардид.Соли 1917 Xудойдодзода Бобоюнус дар з-ди пахтаи Тошкент Револютсияи Октябрро пешвоз гирифт.
С. 1919 ба диёраш баргашт. Xудойдодзода Бобоюнус – яке аз таргиботчиёни сохти нав буд. Солхои коллективонии хочагии кишлок яке аз аввалинхо шуда ба колхоз даромад ва дигаронро хам барои ба колхоз даромадан ташвик кард. Иштирокчии сохтмони рохи Сталинобод — Кулоб буд ва бо шеъру достонхо мардумро ба корнамои даъват менамуд. Рузи хучуми ахдшиканонаи Германияи фашисти шеъри «Чавоб ба душман»-ро навишт. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани бо шеъру достонхо дар назди даъватшудагон ва мехнаткашони акибгох баромад кард.
Муаллифи мачмуахои «Шеър ва достонхо» (1941), «Баходурони майдони Чанги Ватани» (1943), «Мухаббати халк» (1951), «Сурудхои хофиз» (1967) мебошад. Ашъори Xудойдодзода Боюоюнус дар равия ва анъанахои суруду достонхои халки эчод шудаанд. Дар онхо зулму истибдоди давраи амири танкид шуда, бартарихои хаёти социалисти тараннум гардидааст. Xудойдодзода Боюоюнус гуруглигуи машхур буда, ба мисли Хакназар Кабуд, Курбонали Рачаб, Мирзоали Хасанов, Карим Махмадов ва фарзандонаш шогирдхо дорад. Бо унвони «Поэма» (1948) ва «Песни Бобоюнуса» (1950) ду китоби Xудойдодзода Боюоюнус ба руси нашр шудааст.