Маълумоти охирин

ХУЧДОР

ХУЧДОР, говмашанг, девмашанг, наркайсар (Verbena officinalis), гиёхи бисёрсолаи худруест аз оилаи хучдорихо. Пояаш рост, чоркирра, сершоха (аз 10 см то 1 м кад мекашад). Баргаш пармонанди чок-чок ё паррадор (дарозиаш 3—9 см, бараш 1—4 см). Хушагулаш чорубакмонанд (дарозиаш 10—25 см), гулаш майда, 4 баргаи гулоби, нофармон, кабуд ё нилгул (аз май то сент. мешукуфад). Meваашро «чормагзак» (аз чор хисса иборат) мегуянд; вазни 1000 донааш 0,75 г.

xujdor

Xучдор одатан дар чойхон сернам, лаби чуй, бог, канори рох, инчунин чун алафи бегона дар киштзор (кишти юнучка, пахта, кунчид ва г.) месабзад. Дар Точикистон (к-куххои Курама, Зарафшон, Хисору Дарвоз, к. Мевагул, вохаи д. Сир, Точикстонт Чануби: 600—2300 м аз с. б.) бештар дар минтакахои чангалзори гармсер ва пахнбарг, тугайзор, алафзор, маргзори баландкух ва г. нуму меёбад.

Хучдор гиёхи доруии кадимист. Юнонихо онро гиёхи «мукаддас» мехисобанд, гуё ба кас хушбахти меовардааст. Аа ин ру, Хучдорро ба монанди испанд ба хама дард даво медонанд. Абуалии Сино бо Xучдор чарохати кухна ва омосро сихат мекард; чушобашро чун доруи пешобу хайзрон истифода мебурд. Дар тибби Хиндустон баргу пояи тари Хучдорро чун доруи мукавви  ва барои табобати иллати асаб тавсия медиханд Дар тибби халкии Булгория бо чушоби баргу пояаш зикки нафас, никрис, тарбод, дарди санги гурда, дунбал, чарохати кухан ва г-ро муолича мекунанд. Дар фитотерапия (табобати наботи) алафи Xучдор (Herba Verbenicae)- асосан доруи балгамовар хисоб меёбад.

Гули Xучдор сершахд аст. Бехашро барои хушбуи кардани очори бодиринг истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абурайхони Беруни дони Xучдор (девмашанг)-ро бештар кафтар мехурад.

Ад.: Землянский С. Б., Лекарственные растения СССР, М.. 1968; Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1983.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …