Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ ГУРГАК

ХОРИ ГУРГАК

ХОРИ ГУРГАК, гургакхор (Cnicus benedictus), як навъ гиёхро гуянд (аз оилаи мураккабгулхо). Пояаш рост, 5-кирра, сёршох, каме часпак. Аз 20 то 70 см кад мекашад. Баргаш дарозруя (то 20 см), паррадор, серпат ва хордор. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хушагулаш «сабадак» (диаметраш то 2 см). Тухмаш дорчинии зардтоб; вазни 1000-тоаш 23—27 г. Июн — авг. гул мекунад.

xori-gurgak

Дар Осиёи Миёна (аз чумла Точикистон) ва Кавказ меруяд. Бештар дар нишебихои хушк, назди истикоматгоххо, канори рох, киштзор нуму меёбад. Дар баъзе кишвархо (РДГ, РФГ ва г.) онро мепарваранд.

Xори гургак гиёхи доруист. Баргу поя ва сабадаки Xори гургакро дар давраи гулшукуфт мегундоранд. Xори гургак дар доруномаи 7 мамлакати чахон кайд шудааст. Накеъ (настой) ва киёми Xори гургакро барои таквияти кори узвхои хозима, чун доруи мушаххи ва бодрон истифода мебаранд. Дар фитотерапия (табобати наботи) накеъи Xори гургакро хангоми заъфи узвхои хозима (боди шинам, кабзият, заъфи руда, захми меъдаву руда), касалихои чигар, заъфарма (яракон), хафакон, камхуни, обхура, зикки нафас ва г. тавсия медихад. Xори гургак чузъи таркибии дорухои гуногун аст. Табибони халки бо чушоби Xори гургак илтихоби шуш, сулфаи хушкак, гулузиндонак, никрис (подагра) ва г-ро табобат мекунанд.

Баргу поя ва гули Xори гургак 0,2% гликозиди кницин, то .8% моддахои даббоги, 5—13% зифт, равгани эфир ва г. дорад. М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …