Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРГУЛАК

ХОРГУЛАК

xorgulak

ХОРГУЛАК, зурунг, хори зурунг (Ononis arvensis), гиёхи бисёрсолаест аз оилаи лубиёхо. Аз 30 то 80 см кад мекашад. Пояаш якчандто, гулаш 5-баргчаи парвонашакл (дарозиаш 15—20 мм), гулоби ё сафеди гулобитоб. Хушагулаш сергул. Гилофакаш гирд ё байзашакли 2—4 тухма; тухмаш мудаввар ё гурдашакл (дарозиаш 3—3,2 мм, бараш 2—2,2 мм), дорчини ё буртоб (вазни 1000-тоаш 5,5—6,5 г). Июнь —июл гул мекунад, тухмаш июл — сент. мепазад.

Хоргулаки худруй дар минтакахои дашт ва бешадашти Кисми европоии СССР, Кавказ, инчунин Сибири Гарби ва Шарки меруяд. Дар республикаи мо Xоргулак асосан дар арчазор ва дашти зулзадазор (трагакантзор)-и к.куххои Хисору Дарвоз, Точикистони Чануби ва Шарки Помири Гарби (2000—2700 м аз с. б.) вомехурад. Инчунин дар сохили руду  чуйхо ва киштзор месабзад. Холо Хоргулакро дар кишвхои Европаи Маркази ва СССР мепарваранд. Онро аз тухм зиёд мекунанд. 85— 90% тухмаш неш мезанад; кобилияти сабзиши худро 2—3 сол нигох медорад. Одатан аввали бахор (ба хар га 8—10 кг) мекоранд. Решаи Xоргулак ашёи хоми саноати тиббист. Тирамох аз хар га замини Xоргулак 10-—20 ц решаи хушк мегундоранд. Бехи Xоргулак тиррешаи камшох, дароз ва чубмонанд буда, магзаш сафед аст. Чушоби бехи Xоргулак барои табобати бавосир доруи хуб хисоб меёбад. Дорушиносон муайян кардаанд, ки чушоби бехи Xоргулак гардиши хун, кори дилро метезонад, хунравиро боз медорад, инчунин хосияти пешоброни дорад барои организм безарар аст. Табибони халки бо чушоби решаи Xоргулак тарбодро табобат мекунанд. Онро инчунин доруи аракрон низ медонанд.

Бо Xоргулак матоъро зард мекунанд. Решаи Хоргулак гликоидхо (ононин, оноспин, оноцерин), моддахои даббоги, инчунин ба микдори зиёд Са, Mg, Сu, Ti, V ва г. дорад.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5. Л.. 1978: Полуденный Л. В., Сотник В. Ф., Xлапцев Е. Е., Эфиромасличные и лекарственные растения. М.. 1979.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …