Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ХОРАЗМИ Мухаммад ибни Мусо (Ал Хоразми)

ХОРАЗМИ Мухаммад ибни Мусо (Ал Хоразми)

al-xorazmi

ХОРАЗМИ Мухаммад ибни Мусо (780, Хева —850, Багдод), хайатшинос, риёзидон, муаррих ва чугрофидони асрхои миёнаи Шарк. Аслан эронинажод будааст. Аз чавони ба омузиши илмхои замонаш пардохта, барои такмили дониш аввал ба Хиндустон ва баъд ба маркази илми хилофати аббоси — ш Багдод рафт. Дар он чо ба «Байт-ул-хикмат»-и Маъмун дохил шуда, хамрохи бисёр олимони табиатшиносу риёзидон ба фаъолияти илми машгул шуд. Дар натичаи тарчумаи осори фалсафи, риёзи, тибби, хайатшинос ва г. (аз забонхои юнонию суриёи ва пахлавию санскрит) бо ташаббуси Маъмун (Байт-ул-хикмат» ба маркази илмии бузурге табдил ёфт, ки дар он Хоразми, Абулвафои Бузачони, Исхоки Ибоди, Ахмади Фаргони, Абулаббоси Найрези, Абучаъфари Хуросони, Абулфатхи Исфахони ва писарони Ибни Шокир — Мухаммад, Ахмад ва Хасан барин олимони машхур анъанаи тадрису таълимро давом дода, ба халли бисёр масъалахои илмхои дакик кушиданд ва дар асархояшон ба кашфиёти бузурги илми ноил шуданд.

Аввалин асари Xоразми «Сурат-ул-арз» мебошад. Дар он рочеъ ба махали чойгиршавии шахрхо, куххо, дарёхо, бахрхо ва чазирахо маълумоти фаровон оварда шудааст; инчунин чадвали арзу тули шахрхое дода шудааст, ки дар паси хати истиво (экватор) чой гирифтаанд. Асари дигар «Зичи Хоразми» бо номи «Зичи Маъмуни» низ машхур аст. Дар он Xоразми акидахои хайъатшиноси машхур Абуабдуллох ибни Иброхимро шарху тафсир намуда, зимни он чадвали синус ва тангенсро илова кардааст, ки он чадвали хордаи Батлимусро иваз намудааст. Дар асар масъалахои харакати Офтоб ва Мох барраси шуда, усули муайян кардани суръати харакати чирмхои мунири осмони, андозахои Офтобу Мох пешниход шудааст. Дар давраи Xоразми баъди «Зичи шахриёр», ки дар ахди Сосониён тартиб дода шуда буд, тарчумаи «Алмачасти»-и Батлимус ба инкишофи илми хайъат мусоидат кард. Равишхои махсуси расадбанди ба вучуд омаданд, роху усулхои арифметикию геометри ва тригонометрии мусохиба бештар истифода мешуданд. Устурлоберо, ки кабл аз ислом сохта шуда буд, хайъатшиносон такмил доданд. Он амалан то замони Г. Галилей истифода мешуд. Тарзи истифода ва амали онро Xоразми дар «Амал-ул-устур-лоб» ном асараш нишон додааст. Асбоби дигари астрономиеро, ки имруз бо номи «секстант» маълум аст, Xоразми дар мушохидаи астрономии расадхонаи «Шамсия»-и Маъмун дар Багдод истифода бурдааст ва натичахои ин мушохидаро дар асараш «Китобу харакат-ил-фалак-ил-уло» чамъбаст намудааст.

Бино ба маълумоти мухакики муосири эрон Мухаммади Рашшод Xоразми хамрохи писарони Ибни Шокир ва Ахмади Фаргони бо супориши Маъмун дарозии умумии бурриши кутрии кураи заминро муайян кардааст, ки он ахамияти калони илми дорад. Онхо ба воситан устурлоб як дарачаи доираи меридианро аз нуктаи маълуми сахрои Санчар ба шим. гарб бо усули механики муайян намуда, натичаи онро ба 360 дарача зарб зада, дарозии умумии кураи заминро хисоб кардаанд.

Илми риёзи дар давраи Xоразми дар заминаи анъанахои кадимаи маданияти бостони таракки карда буд. Дар ин давра мактабхои риёзии Багдоду Димишк, ва Кохира амал мекарданд. Дар ончо масъалахои гуногуни хисоб, хандаса, мусалласот (тригонометрия), ва г. барраси мешуданд. Абдуллохи Баттони косинус ва секансро кашф карда, ба чои синус хордаи мансуб ба кунчро татбик, намуд. Абукомил (а. 8) муодилахои квадратиро тадкик намуда, се гурухи бузургихо — ададхои содда, реша ва квадратхоро чудо кард ва дар баъзе чойхо нишондихандахои олии номаълумро низ хамрох намуд. Риёзидони мактабхои мазкур синуси як дарачаро хисоб карда, дар бораи сектори конус ва таксими кунч ба се кисмат, бурришхои конуси (гиперболахои баробартараф) кашфиёти тоза ба даст оварданд. Xоразми дар рисолааш «Китоб-ул-чамъ в-ат-тафрик би хисоб-ил-хинд» аввалин бор ракамхои хиндиро дар системаи хисоби позиционии ададхо истифода намуд. Дар асари дигараш «Алчабр ва-л-мукобала» халли муодилахои квадратиро тадкик карда, ба илми алгебра асос гузоштааст. Маънои «алчабр» дар риёзиёт баркарор кардан аст, вале баъди тарчумаи китоби мазкур ба забони лотини ва диг. забонхои Гарб бо номн «Либер Алгоризм» (китоби Хоразми) машхур шуд ва минбаъд ноии «Хоразми» (лотиниаш «Алгоризм») дар Гарб ба номи алгебра табдил ёфт.

Бино ба маълумоти сарчашмахои таърихи Xоразми 12 асар таълиф намудааст, ки баъзеи онхо (мас., «Рисолаи таърих», «Рисолаи мусики» ва г.) то ба замони мо нарасидаанд. С. 1983 бо карори ЮНЕСКО 1200-умин солгарди зодрузи Xоразми кайд карда шуд. Ба ин муносибат як катор асархои у дастраси хонандагон гардиданд.

Афкори табиию илмии Xоразми ба назарияхои натурфалсафии Умари Хайём, Насируддини Туси, Гиёсуддини Кошони, Бахоуддини Омили ва Али Кушчи барин нобигахои илму хикмати Шарк таъсири зиёде расонда, такони бузурге барои рушди афкори илмии давраи Эхён Гарб гардидааст.

Ад.: Юшкевич А. П.. История математики в средние века. М.. 1961; Хорезм и Мухаммад ал-Хоразми в мировой истории и культуре, Д.. 1983: Тамбов Г., Мухаммад ибни Муса Ал-Хо-резми, Д. 1983.         М. Хазраткулов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …