ХОМТОК, як навъ тадбири агротехникии парвариши токро гуянд, ки бо максади боз доштани рушди навдахо мегузаронанд. Xомток ба кувват гирифтану расидани навда ва ширагирии амур мусоидат мекунад. Xомтокро мувофики шароити махаллу токзор ва навъхои ангур одатан пеш аз гул ё баъди гул (Хомтоки якум) ва июн — июл, вакте ки ангур ба ширабанди cap мекунад (Хомтоки дуюм) мегузаронанд. Хангоми Хомтоки навъхои ангури майбоб, ки 75—85%-и навдахояшон хосилдеханд, тамоми навдахои бехосил ва кисман навдахои хосилдори сабзишашон сустро канда мепартоянд. Вакти Хомтоки навъхои ангури хурданибоб (тоифи., хусайни, чавз, шакарангур ва г.), ки факат 45—50%-и навдахояшон хосилдеханд, навдахои бехосилро хам кисман нигох медоранд. Агар навдахои бехосили навъхои ангури хурданбобро пурра канда партоем, он гох рушди реша ва баргу пояи ток номураттаб мегардад, навдахо босуръат сабзида дароз мешаванд, гулу гура мерезад. Хангоми Хомтоки дуюм асосан навдахои пахлуиро мекананд. Вакти Хомтоки тобистона аз хад зиёд буридани навдахои ток (дар баъзе нохияхои Точикистон) зарарнок аст, вазни миёнаи хушаи ангур ва канднокии он кам, туршии ангур зиёд мешавад. Xомток яке аз омилхои мухимми серхосилии ток аст.
Ад.: Кириллов.. И. Ф. [ва диг.]. Виноградарство Таджикистана, Д., 1969.
X- Мурадов.