Маълумоти охирин

ХОК

ХОК, чисми махсуси табииеро гуянд, ки як катор сифатхои ба табиати зинда ва гайри зинда хос дорад; иборат аз кабатхои генетикии ба хам алокаманд аст, ки дар натичаи тагйироти кабати болоии литосфера зери таъсири якчояи об, хаво ва организми зинда ба вунчуд меоянд. Xок хосилхез мешавад (пиг. Хосилхезии хок). Тасаввурот оид ба Xок хамчун кисми мустакили табии дорои сифатхои махсус, ки бо онхо аз дигар чинсхои кухи (чинсхои хокхосилкунанда) фарк мекунад ва дар натичаи таъсири байнихамдигарии омилхои хокхосилкунанда инкишоф меёбад, охири а. 19 ба вучуд омад. Асосгузори хокшиносии хозира В. В. Докучаев мебошад. То ин вакт Хокро яке аз чинсхои геологи мехисобиданд. Хосилхези, яъне кобилияти растаниро бо обу гизо таъмин кардани Xок имкон медихад, ки он дар бавучудоии биомасса иштирок намояд. Хосилхезии табии гуногун буда, ба таркибу хосияти Xок ва омилхои хокхосилкунанда вобастааст. Xок воситаи асосии истехсолоти х. к., дар натичаи таъсири аг­ротехники, агрохимияви ва мелиоративи серхосил мешавад, нишондихандаи он хосилнокии зироати х. к. мебошад.

xok

Иклим, чинсхои кухи набототу хайвонот, релеф, синни геологии сарзамин, инчунин фаъолияти хочагии инсон омилхои асосии хокхосилшавианд. Иклим ба хусусияти бодхурдашавии чинсхои кухи, режими намии хок, режими харорати хок таъсир мерасонад, ба протсесхое, ки дар Xок мегузаранд, мусоидат мекунад ва дар ташаккули олами набототу хайвонот мавкеи мухим дорад. Чинсхои кухи дар чараёни хокхосилшави ба Xок табдил меёбанд. Хосиятхои физики, кобилияти обу хавогузарони, обнигохдори, инчунин мизони нами, харорати хаво, суръати харакати моддахои Xок ва г. ба таркиби транулометри (механики) ва хусусияти сохти он вобастаанд. Таркиби минералии чинсхои кухи тар­киби минералию химияви ва микдори ибтидоии элементхои гизоии барои растани зарури Хокро муайян мекунад. Наботот ба Xок таъсири бевосита дорад: решаи наботот Хокро нарм ва сохти онро бехтар менамояд. Хайвонот дар чараёни хаёти худ тачзияи моддахои органикиро тезонида, ба ташаккули Xок мусоидат мекунанд. Таъсири асосии релеф аз он иборат аст, ки омилхои иклим (нами, харорат ва таносуби онхо) ва дигар омилхои ташаккули Хокро дар сатхи замни аз нав таксим менамояд. Синни сарзамин умуман ва синни Xок махсусан, ин­чунин тагйири шароити хокхосилшави дар чараёни инкишофи онхо ба сохт, хосият ва таркиби Xок таъсири калон мерасонад. Фаъолияти хочагии инсон ба баъзе омилхои хокхосилшави, масалан, ба наботот ва тавассути шудгор (ниг. низ Коркарди хок), мелиорация, истифодаи нурихои минерали, нурихои органики ва г. бевосита ба Xок таъсир меку­над. Вобаста ба интенсивонии х. к. таъсири инсон ба чараёни хосилшавии Хок мунтазам меафзояд.

Xок аз кисмхои сахт, моеъ, газ ва зинда (фауна ва флораи Xок) иборат аст. Таносуби онхо на танхо дар Xокхои гуногун, балки дар кабатхои гуногуни як навъи Хок низ хар хел мешавад.

Дар кисми сахти Xок моддахои минерали бештаранд. Хосилхезии Xок асосан ба таркиби минералии кисми сахти он вобаста аст. Ба тар­киби моддахои минерали  Si, AI, Fc, К, N, Mg, Са, Р, S дохил мешаванд; микроэлементхо (Сu, Mo, I, В, F, РЬ ва г.) камтаранд. Кисми сахти Xок моддахои органики низ дорад, ки 80-90%-и он аз омехтаи мураккаби моддахои гумуси (порухок) иборат аст. Ба таркиби моддахдои органики инчунин пайвастагихое, ки аз наботот, хайвонот ва микроорганизмхо пайдо шудаанд ва клетчатка, лигнин, сафеда, канд, катрон, равган, моддахои даббоги ва г. доранд, дохил мешаванд. Онхо дар шароити табии манбаи асосии гизои нитрогении растанианд.

Кисми моеъ, яъне махлули Xок чузъи фаъол буда, вазифаи ба Xок гузаронидану аз он берун кардани моддахо ва бо обу элементхои гизоии халшуда таъмин намудани набототро ба чо меоварад. Одатан ион, молекула, коллоидхо ва заррахои ннсбатан калон дорад, ки баъзан ба суспензия табдил меёбанд.

Кисми газ ё хавои Xок чавф (ковоки)-хои беобро пур мекунад. Микдору таркиби хавои Xок, ки аз N2, 02, С02, пайвастхои органикии бухоршаванда ва г. иборат аст, доими нест. Ин ба хосияти процессхои химияви биохимияви, биологие, ки дар Xок мегузаранд, вобаста аст.

Кисми зиндаи Xок аз микро­организмхо (бактерияхо, занбуругхо, актиномицетхо, обсабзхо ва г.) ва хайвоноти бемухра – мавчудоти якхучайра, кирмхо, нармбадан (мол­люск)-хо, хашароту кирминаи онхо, хокканакхо ва г. иборат аст.

Дар чараёни хокхосилшави чинсхдои кухи ба кабатхои Хок, ки тархи хокро ба вучуд меоваранд, чудо ме­шаванд. Дар кабатхои болоии Xок моддахои органики, нитроген, фос­фор, пайвастагихои мубодилавии алюминий, калций, магний, калий, натрий гун мегарданд. Бо таъсири омилхои хокхосилкунанда дар Xок процесхои гуногун мегузаранд. Ин процессхоро ба гуруххои зерин чудо мекунанд:1) мубодилаи моддаю энергия дар байни Xок ва дигар чисмхои табии; 2) процесси табдили модда ва энергия, ки дар худи Xок бе чойивазкунии моддахо ба амал меояд; 3) процесси гардиши моддаю энергия дар Xок (ниг. низ Мубоди­лаи моддахо). Ба гурухи якум процессхои зерин мансубанд: мубо­дилаи хартарафаи газ, нами ва заррахои сахт дар системаи атмосфера –Xок- наботот (баргу поя); мубодилаи дутарафаи газ ва нами бо мод­дахои махлули он дар системаи Xок чинсхои зерихоки; мубодилаи радиацияи кутохмавч ва дарозмавч дар системаи офтоб – наботот – Xок-атмосфера – фазои кайхон; мубодилаи харртарафаи энергияи гарми дар системаи атмосфера – наботот – Xок- чинсхои зерихоки; мубодилаи дутарафаи моддахои хокистари, пайвастхои нитроген, С02 ва 02 дар системаи Xок растанихои дарачаи оли; асосан яктарафа (тавассути реша) аз Xок ба растани гузаштани нами; яктарафа ба Xок дохил шудани моддахои органикие, ки дар растанихои дарачаи оли дохил кардаанд. Гурухи дуюм процессхои бисёри хеле гуногунро дар бар мегирад: тачзияи пайвастхои органики ва дохил шудани моддахои гумуси; дохил ва вайрон гардидани плазмахои микроб; ташаккул ва тачзияи пайвастхои органикиву минерали, яъне про­цессхое, ки ба гардиши карбон (вайроншавии ангиштобхо, моддахои даббоги, лигнин ва г.) алокаманданд; процессхое, ки ба гардиши нитроген — аммонификация, нитри­фикация, денитрификация, фиксацияи нитрогени атмосфера (ниг. Азо- тандузхо) вобастаанд; ба хиссахо чудошави ва тагйири минералхои аввалину дуюмин, дохил шудани ми­нералхои дуюмин; оксидшави ва баркароршави, махсусан охану манган; яхбандиву обшавии оби Xок, дар дохили Xок бухор шудану ба об табдил ёфтани буг (конденсация) ва г. Ба гурухи сеюм процессхои зерин дохиланд: харакати хавои Xок дар зери таъсири фишори тагйирёбанда ва харорат; харакати диффузионии газхо ва буги об, харакати махлули Xок зери таъсири куввахои чозиба, капилляри, сорбциони ва осмоси; харакати Xок аз таъсири хайвоноти хокканак, решаи растани ва г. Процессхои Xок ба хамдигар алокаманд ва вобастаанд.

Тагйири омилхон хокхосилкунанда дар фазо ва вакт ба гуногунии Xок дар табиат сабаб мешавад. То В. В. Докучаев Хокро аз руи хосиятхои чудогона-таркиби химияви,  таркиби механики ва г. тасниф мекарданд. Таснифи генетикии хозираи Xок ба сохти тархи Xок, ки мачмуи процессхои ташаккул, инкишоф, тахаввули Xок ва низоми онхоро  ифода мекунад, асос ёфтааст. В. В.Докучаев 10 навъи Хокро чудо кардааст; дар таснифоти хозира зиёда аз 100 навъи Xок маълум аст.

Дар Точикистон Хокро ба 4 минтака чудо мекунанд.

Минтакаи Xоки хокистарранг дар баландии 300-1600 м аз с._б. чойгир буда, хамвории доманакуххои Точикистони Чануби ва Шимолиро фаро гирифтааст. Ин минтака нисбатан гарму камбориш аст ва навъхои зерини Хокро дар бар мегирад: Хокхои хокистарранг, хокистарранги буртоб, хокистарранги маргзор, аллювиалии беша (тугай), шурхок ва г.

Минтакаи миёнакух бо Xокхои дорчинии кухи. Доманакух ва нишебии каторкуххоро (аз баландии 900—1600 то 2800 к аз с. б.) фаро гирифтааст. Хоки ин минтака сергумусу серкарбонат ва гурушанок буда, онро анбухи буттаву дарахтон ва алафзори баланд пушидааст. Дар ин минтака асосан Хокхои дорчинии карбонатдори кухи, дорчинии мукаррарии кухи, дорчинии кушоди кухи ва г. мавчуданд.

Минтакаи баландкух зиёда аз нисфи масохати республика (баландихои аз 2600—2900 то 4000— 4800 м аз с. б.)-ро ишгол кардааст. Хоки минтакаро ба навъхои зерин чудо мекунанд: Хокхои дашту маргзори баландкух, сиёхтоби дашту маргзор, дашт, дашту биёбон, биёбон, комплекси Хокхои дашту биё­бон ва маргзори баландкух, шурхоки баландкуху такир ва г.

Минтакаи нивали асосан дар Помир (то баландии 4800—4900 м аз с. б.) ва кисман дар баландкуххои Точикистони Маркази чойгир аст.

Xок яке аз чузъхои табии мухити зисти инсон аст. Одилона истифода набурдани замин боиси вайрон шудани Xок ва шиддатёбии эрозияи хок, шурзани ва г. мегардад. С. 1968 «Асосхои конунгузории СССР ва рес­публикахои иттифоки оид ба замин» барои афзудани хосилхезии Xок ва аз эрозия мухофизат кардани он мачмуи тадбирхо пешбини намуд.

Ад.: Докучаев В. В., Учение о зо­нах природы и классификация почв, Соч., т. 6, М.-Л., 1951; Герасимов И.П.,Глазовская М. А., Основы почвоведения и география почв, М., 1960; Я к у т и л о в М. Р. [ва диг.1, Почвы Таджикистана. Эрозия почв и борьба с ней. в. 6, Д., 1963; Куте минский В.Я.,Леонтьева Р. С.. Почвы Тад­жикистана. Условия почвообразования и география почв, в. 1, Д., 1966; Ковда В. А., Основы учения о почвах, кн. 1— 2. М., 1973.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …