Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХОКШИНОСИ

ХОКШИНОСИ

ХОКШИНОСИ, илмест, ки таркиб, хосият, пайдоиш, инкишоф, пахншавии географии хок ва истифодаи окилонаи онро меомузад. Ба илмхои табиию таърихи мансуб аст. Хокро чун чисми табии, воситаи истехсолот ва предмети мехнат меомузад (ниг. Хок), Фаслхои мухимтарини Xокшиноси: генезиси (пайдоиши) хок, геохимия, химияи физики, коллоиди ва биологии хок, биология, физика, гидрология ва географияи хок.

xok

Xокшиноси хамчун илм дар Точикистон солхои Хокимияти Совети инкишоф ёфт. Хукумати республика 2 ноябри 1929 оид ба тадкики хок дар мухлати панч сол карор кабул кард. Ба халли ин вазифа коллективи хокшиносон ва ботаникхои Иниститути хокшиносии Университети давлатии Осиёи Миёиа (САГУ)-ро бо рохбарии А. И. Розанов, М. В. Культиасов ва Н. А. Димо чалб карданд. Асосан заминхои обии водихои Хисор, Вахш, Кофарнихон, вил. Ленинобод, инчунин водихои Бешкент, Кулобу Фархор, Ёвон ва Дангараро тадкик, намуданд. Натичахои тадкикоти солхои 1929—33-ро чамъбаст намуда, с. 4935 М. А. Панков монографияи «Хоки Точикистон»-ро (руси) нашр кард. Дар асари мазкур бори аввал масъалахои тасниф, минтакахо, инчунин баъзе хосиятхои химиявию физикии хоки республика баён шуданд.

С. 1936 дар Кургонтеппа Стансияи хокшиноси-мелиоративии Вахш таъсис ёфт. Кормандони стансия бо рохбарии академики АФ РСС Точикистон И. Н. Антипов-Каратаев дар тули солхои зиёд хоки водии Вахшро тадкик намуданд. С. 1946 А. Н. Розанов бо супоршии стансия харитаи хоки Точикистонро тартиб дод ва «Захираи замини Точикистон» (руси) ном асаре чоп кард. Кормандони стансия аз с. 1947 то 1950 хоки водихои Точикистони чанубиро тадкик намуданд, ки ин ахамияти калони илмию амали дошт. О. А. Грабовская ва П. А. Керзум динамикаи чараёни хокхосилшавиро дар минтакаи хоки хокистарранг омухтанд. Дертар чунин тадкикот дар хоки кух ва баландкухи Точикистон гузаронида шуданд. Хоки Помирро В. Н. Уланов (с. 1949 кит. «Шароити хоки Помир ва роххои инкишофи зироат»- ро нашр кардааст; ,руси) тадкик намуд.

Дар натичаи таъсиси Иниститути хокшиноси, мелиоратсия ва ирригатсияи Академияи Фанхои РСС Точикстон (1951) тадкики хок хеле инкишоф ёфт. Бо рохбарии академик И. Н. Антипов-Каратаев, О. А. Грабовская, П. А. Керзум таснифи нави хоки Точикистонро тартиб доданд, дар худуди республика тадкикоти географи бурданд ва обшуи хокро омухтанд. Дар заминаи он харитаи хок ва харитаи накшавии обшуи хоки РСС Точикистонро тахия доданд. Солхои 1958—71 экспедитсияи харитакашии Иниститути лоихакашии «Точикгипрозем» 578 хаз. га замини оби, 2213 хаз. га заминхои лалми ва чарогохи республикаро тахкик кард. Солхои 1953—63 гурухи хокшиносони Иниститутти лоихакашии «Точикгипроводхоз» кариб 350 хаз. га замини лалмии дар оянда обёрибобро омухтанд; холо кисми зиёди ин заминхо корам шудааст. Махсусан, Институти хокшиносии ВХК РСС Точикистон тадкикоти мелиоративию агрохимияви, биологию микробиологи, физикию механики, минералоги, мелиоративии заминхои оби ва лалмии республикаро вусъат дод. Академик А. Н. Махсумов дар асоси тадкикоти бисёрсола усулхои агротехникии коркарди хокро омухт, ки он ба серхосилии зироати лалми мусоидат кард. Дар инкишофн Хокшиносии республика сахми кормандони кафедраи агрохимия ва хокшиносии Иниститути хочагии халки Точикистон ва Иниститути тадкикоти илмии зироати Точикистон калон аст. Натичаи тадкикоти бисёрсолаи хокшиносони республика дар 20 чилди «Асархои Иниститути тадкикоти илмии хокшиносони Точикистон» (руси), макола ва рисолаву монографияхои сершумор чамбаст шудааст.

Адабиёт: Глинка К. Д.., Почвоведение, М., 1927: Докучаев В. В., соч., т. 1-9. М.-Л., 1949-61; Сибирцев Н. М., Изб. соч., т. 1-2, М., 1951—53; Ковда В. А., Основы учения о почвах, кн. 1—2, М., 1973.   М. Р. Якутилов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …