Маълумоти охирин

ХОЧАИ ЯГОНА

ХОЧАИ ЯГОНА, осори меъмории мансуб ба а. 18, ки дар сохили рости д. Сир, канори шаркии дашти Кайрокум вокеъ аст. Xочаи  Ягона дар солхои 1954, 1961, 1974 аз тарафи бостоншиносони Точикистон тадкик шудааст. Он аз ду бинои ба хам зич (бо хишти хом) иборат буда, ороиши меъмориаш хеле содда мебошад. Хар кадом аз бинохо хонаи сатхаш мураббаъ, гумбазпуш ва аз тарафи Чануб даромадгохи пештоки дорад. Хар ду иморат комплекси ягонаро ташкил карда, аз хишт (24—26 X 5— 6 см) бино шудааст. Гумбази хиштини бинон якум (гарби) намуди байзави дорад. Гумбази бинон дуюм хеле содда аст. Зохиран, бинои гарби масчид ва бинои шарки истгохи зиёраткунандагон будааст. Кабри худи «Хочаи Ягона» дар харобае (дар самти шимолии бинои гарби) чойгир шудааст.

Ад.: Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Архитектурный комплекс Ходжа Ягона.— Археологические работы в Таджикистане, в. 14 (1974 г.). 1979.      Н-. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …