Маълумоти охирин

ХИТОБА

ХИТОБА, хитобат, хатобат (араби-гуфтор, сухангуи), порчаи асари мансур, манзум ва ё суханеро гуянд, ки ба мухотиб гуфта мешавад. Дар илми маони ва баён хитоба хунари сухансароию суханварн буда, чузъи санъати воизи хисоб мешуд. Воизон, ки махорати сухангуию суханронихои шево доштанд, аз хитоба хеле мохирона истифода мебурданд.

Дар Гарб хитобаро декламасия (аз лотини declamatio — зебогуфтори) меномиданд, ки он аз Рими Кадим сар карда, унсури мухимми санъати воизи (оратори) хисоб меёфт. Холо декламасия яке аз усулхои хониши бадеи шуморида мешавад. Даъвату хитоба яке аз шаклхои асосии адабиёти инкилобии точик дар солхои бист буд. Шеърхои «Ба муносибати хичрат ба Самарканд ва «Марсия»-и Айни, «Асари омол» ва «Хитоб ба фукарои Бухоро»-и Хамди, «То ба кай» ва «Баёни хол»-и Мунзим ва гайра намунаи осори революсионии арафаи Инкилоби Бухоро мебошанд, ки ба даъватхои шуълавар ба галабаи револютсия халки ёри расонданд.

Солхои 20—30 дар адабиёти точик баъзе шеърхо эчод гардидаанд, ки онхоро бештар ба таври шифохи, ру ба руи сомеон хеле мутантан ва охангнок мехонданд. Дар зерн унвони ин гуна шеърхо баъзан калимаи «декламасия»-ро хам менавиштанд. Дар назми советии точик як навъи нидои риторики ва мурочиати пурэхтиросро низ хитоба мегуянд. ки намунахои онро дар эчодиёти Пайрав («Навиди Вахшстрой», «Як курбонии кучаи буржуазии Аврупо»), Хабиб Юсуфи ва дигарон дарёфтан мумкин аст.       С. Табаров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …