ХИСЛАТ, ху, хуй, дар психология, тарзи комилан собиту устувори хаёти рухии фарди муаиянро гуянд, ки дар фаъолияту амалия ва холатхои алохидаи рухи, инчунин дар рафтору одат, тарзи тафаккур ва давраи эхсосоти хоси у зохир мегардад. Хислати инсон асоси рафтори уро ташкил мекунад ва ин чихати масъаларо хислатшиноси (характерология) меомузад.
Психологияи совети фахмиши марксистии инсонро чун мачмуи муносибатхои чамъияти ба асос гирифта, ба шароитхои ичтимоию таърихи вобаста будани хислатро таъкид менамояд, онро ягонагии таркибии фардию типологи ва натичаи таъсири мутакобили аломатхои ирси ва сифатхое мешуморад, ки дар чараёни инкишофу тарбияи шахсият ташакул меёбанд.