Маълумоти охирин

ХИРС

ХИРС (Ursidae), як навъ хайвони даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологи хирс як оилаи ширхурхост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг. 7 намуди хирс  (айнакдор, лабдароз, малайи, химолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст.

xirs

Аксари онхо дар нохияхои нимкураи шимоли маскун шудаанд, факат хирси айнакдор дар Америкаи Чануби вомехурад.

Дар чангалзори Точикистон хирси малла (U. агctos) зиндаги мекунад. Вазнаш зиёда аз 300 кг. Хурокаш мева, чалгуза, реша, чормагз ва инчунин хашарот, кирм, калтакалос, мохи, курбокка, хояндахо аст. Аз тирамох ба хоби зимистона меравад. Давраи хамлаш 7 мох; дар 2 сол як маротиба (одатан дуто) бача мезояд.

Xирс 30—40 сол умр дида, дар 3—4- солаги афзоиш мекунад. Равгану талхаашгро дар тиб истифода мебаранд. Саршумори хамаи намудхои хирс кам шудааст ва аз ин сабаб онхоро дар бисёр кишвархо (аз чумла дар Точикистон) мухофизат мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …