ХИРНОЙ, ной, ноинафас, як кисми рохи нафаси хайвоноти мухрадор ва одамро гуянд, ки дар байни ханчара (халкум) ва бронххо чой гирифтааст. Дарозии хирной ба дарозии гардан мутаносиби рост ва ба дарозии бронххо мутаносиби чап аст.
Скелети хирной дар хазандахо аз халкахою нимхалкахои тагояки, дар паррандагон одатан аз халкахои устухонгашта ва дар ширхурхо аз нимхалкахои тагояки иборат аст; халкахои хирнои кундуз, агути (заргуши кузапушт), лемур сарбастаанд. Аз паси девораи пардамонанди хирной сурхруда чойгир аст. Xирной дар сандуки сина ба ду ва дар баъзе чонварон (китхои дандондор, хук, чонварони кафшакунанда) ба се бронх чудо мешавад.
Хирнои одам гулбашакл буда, аз 16 —20 нимхалкахои тагояки иборат аст, ки бо бофтахои нахдори гафс пайваст шудаанд, дарозиаш 11—13 см. Илтихоби пардаи луобии хирнойро трахеит меноманд.