Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХИМИЯИ ТАХЛИЛИ

ХИМИЯИ ТАХЛИЛИ

ХИМИЯИ ТАХЛИЛИ, илмест оид ба усулхои омузиши таркиби моддахо. Xимияи тахлили аз ду кисми асоси — галили микдори ва тахлили сифати иборат аст. Гайр аз ин дар Xимияи тахлили тахлили техники низ вучуд дорад, ки ба мачмуи усулхои тахлили органики, гайриорганики, сифати ва микдори асос ёфтааст. Xимияи тахлили дар инкишофи химия ва миуайян намудани конунхои асосии он, кашфи моддахон гуногуни элементхои нави химияви ва гайра таъсири калон гузоштааст. Тараккиёти химия ва зиёд шудани моддахои синтезии ноорганикию органики бошад, боиси инкишофи босуръати усулхои тахлили гардид.

ximiya1

Даврахои аввали инкишофи химия усулхои тахлили ба омузиши хосияти физикии моддахо асос ёфта буданд. Усулхои мазкургро Абурайхон Беруни ва Абуалии Сино хангоми тадкики маъданхо васеъ истифода менамуданд. Асосгузори тахлили химиявии илми олими англис Р. Бойл (асри 17) мебошад. Бойл ба элементхо тачзия шудани моддахоро «тахлил» номид. Тараккиёти Xимияи тахлили дар СССР ба индустриякунонии мамлакат зич алокаманд аст. Дар аксар мактабхои оли кафедрахои Xимияи тахлили мавчуданд. Дар СССР доир ба Xимияи тахлили журналхои «Заводская лаборатория» (1932) ва «Журнал аналитической химии» (аз 1946) нашр мешаванд.
Дар Точикистон оид ба Xимияи тахлили дар Институтхои химия ва геолоогияи Академияи Фанхои РСС Точикистон, Институти тибби, Институти хокшиносии Вазорати хочагии кишлок, факултети химияи Университети Давлатии Точикистон ва гайра тадкикот мебаранд.
Н. Почочонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …