Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ХИЛОФАТИ АРАБ

ХИЛОФАТИ АРАБ

ХИЛОФАТИ АРАБ, системаи теократни (нигаред Теократия) мусулмони, инчунин номи дар адабиёти илми маъмули давлати мусулмонии арабро гуянд, ки сардораш халифа буд. Дар асри 7 ба вучуд омада, асри 8 баъди аз тарафи арабхо истило шудани кишвархои Шарки Наздику Миёна ва Африкаи шимоли масохати он боз хам васеътар гардид. Асоси Xилофати арабро чамоаи мусулмоние (умма) ташкил мекард, ки онро Мухаммад дар Арабистони Гарби таъсис дода буд. Xилофати араб асосан ба се давра (давраи хулафои Рошидин, Умавиён ва Аббосиён) таксим мешавад.

290px-asia_history_map_661

Солхои 632—656 шахри Мадина ба пойтахти Xилофати араб табдил ёфт. Дар ахди Абубакр (хукмрони 632—634) шуришхои кабилакои араб пахн карда шуданд ва истилои мулкхои Руму (Византия) Сосониён огоз ёфт. Дар давраи аввали истилои араб Ирок, кариб тамоми Эрон, кисми зиёди Закавказия, Сурия, Фаластин ва Миср ба хайати Xилофати араб хамрох карда шуданд. Солхои 40—50 асри 7 дар рафти забткорихои беруни дар байни арабхо ба табакахо чудошави вусъат ёфт. Ихтилофоти байни арабхои каторию ашрофони кабилави, инчунин гуруххои гуногуни аъёну ашрофи араб тезутунд гардид. Дар ахди Умавиён (671—750) дар амал ба давлати дуняви табдил ёфт. Тартиботи Умавиён шароити зиндагии оммаи халкро бехтар накард ва аз рузи аввали ба сари хилофат омадани онхо гуруххои гуногуни ичтимои зидди Умавиён бархостанд. Дар натичаи шуриши Абумуслим соли 750 Аббосиён ба сари хокимият омаданд. Аббосиён ба тахт нишаста сохти ичтимоии Xилофати араб ва хусусияти дунёвии онро тагйир надоданд. Харчанд Аббосиён худро имом шуморанд хам, вале сохти давлатии онхо на теократия, балки тарзи давлатдории Сосониён буд. Дар ахди Аббосиён дар худуди Xилофати араб, аз чумла Эрону Осиёи Миёна ва Каокао харакатхои халки авч гирифтанд. Дехконони ин нохияхо зери зулми дутарафа (аз як тараф хокимони араб, аз тарафи дигар феодалони махалли) монданд. Соли 755 бо рохбарии Сумбоди Муг дар Нишопуру Рай шуриш сар зад, ки он 70 руз давом кард. Дар байни шуришхои халки Исъёни М уканнаъ калонтарин буд.
Xилофати араб дар ибтидои салтанати Аббосиён ба зинахои баланди мутамарказияти сиёси ва тараккиёти куввахои истехсолкунанда расид. Аз ибтидои асри 9 бошад, дар мамлакат инкирози сиёси огоз ёфт. Дар натича якчанд дашлатхои мустакили феодали ва аморатхои махалли, ба монанди Тулуниён, Алавиён, Тохириён, Саффориён, Сомониён ташкил ёфтанд. Нимаи якуми асри 10 ба чои Xилофати араб давлатхои мустакили хилофати Фотимиён (909—1171), хилофати Умавиён (929 —1031) ва хилофати Аббосиён ба вучуд омаданд. Халифахои фотими ва умави хам хокимияти дини ва хам дунявяро дар дасти худ нигох медоштанд, халифаи аббоси бошад, баъди Багдодро истило кардани оли Буя хатто дар худи Багдод хам аз хокимияти дуняви махрум гардид. Соли 1055 дар Багдод ба чои оли Буя Салчукиён омаданд. Аз соли 945 то соли 1132 дар ихтиёри халифа хои аббоси танхо хокимияти рухони (имомат) боки монду бас. Баъди парбкандашавии давлатии Салчукиён (1118) дар натичаи муборизаи халифахои араб бо султонхои сал чукии Ирок хилофати Аббосиён дар хавзаи дарёи Дачла ва Фурот хамчун давлат аз нав ташкил ёфт. Халифа Носир (хукмрони 1160—1225) Хузистонро низ ба хайати хилофат хамрох намуда, ба мукобили Хоразмшохиён мубориза бурд. Соли 1258 баъди Багдодро забт кардани кушунхои мугул бо сардории Халокухон ва катли халифаи охирин Муътасим Xилофати араб чун давлат бархам хурд. Чанд сол баъдтар барои баркарор намудани хокимияти рухонии халифахои аббоси кушише карда шуд: соли 1261 яке аз намояндахои сулолаи Аббосиёнро дар назди боргохи султони мамлуки Миср халифа эълон карданд.
Аз хайон вакт сар карда то Мисрро истило намудани туркхо (1517) халифахои аббосй харчанд хокимияти сиёси надоштанд, дар Кохира дар дарбори султонхои мамлук зиста, тавассути мавкеи мазхабии худ эътибори хукумати дунявии султонхои Миср ва баъзан султонхои мамлакатхои дигари мусулмоииро баланд мебардоштанд. Дертар султонхои турк низ худро халифа номида, бо он восита исбот кардани мешуданд, ки гуё намояндан охирини Аббосиён дар Кохира ба онхо ин унвонро додааст. Хилофати Туркия соли 1924 дар Туркияи республикави бархам дода шуд.
Адабиёт: Бартолд В. В.. Халиф и султан, Сочинение, том 6, Москва, 1966; Беляев Е. А.. Арабы, ислам, и арабский халифат в ранние срёдневекове, 2-издателство, Москва, 1966;
Босворт К. Э„ Мусулманские династии, Москва 1971. Г. Гоибов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …