Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ МОНАВИ

ХАТИ МОНАВИ

xattt

ХАТИ МОНАВИ, хатест, аз он барои сабти осори Мони ва пайравони у истифода бурданд. Дар асоси шохаи палмирии хати ороми ба вучуд омада, 22 харфи асоси ва 7-то иловагиро дар бар мегирифт. Орфографияи хати монави табиатан фонетики буд, яъне калимахо мувофики талаффузашон навишта мешуданд. Хузворишхо вучуд надоштанд. Барои мутобик кардани алифбои ороми ба забонхои эрони (форсии миёна, порти, сугди), ки монавиён барои навиштани осори худ аз он истифода бурдаанд, якчанд аломатхои нав барои хамсадохо ва садонокхои дароз (садонокхои кутох дар хат сабт намеёфтанд) ихтироъ карда шуданд.
Котибони монави як кисми калимаро аз сатр ба сатр намегузарониданд. Онхо барои дар як сатр чой додан калимахоро дароз ё кутох мекарданд. Осори хати монави дар Миср, Туркистони Шарки ва гайра пайдо гардидаанд. Бузургтарин осори хати монави («Кефалая», «Шопургон» ва гайра) мебошанд, ки порчахои парокандаи онхо ба забонхои сугди ва порти то замони мо расидааст. Осори гайридинии ба хати монави навишташуда, ки аз он се порчаи мутааллик ба асри 10 расидааст, абёте аз достони «Будосаф ва Булухар» мебошанд.
Адабиёт: Основы иранского языкознания среднеиранскйе языки, Москва, 1981.
А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …