Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ХОРАЗМИ

ХАТИ ХОРАЗМИ

ХАТИ ХОРАЗМИ, хатест, ки аз он барои сабти осори забони хоразми истифода шудааст. Манбааш хати оромист. Ба хати сугди ва хати порти шабохат дорад. Кадимтарин осори он ба асрхои 3—2 то мелоди тааллук дорад. Хуччатхои мансуб ба асрхои 3— 4 ва 8, ки аз Тупроккалъа ба даст омадаанд, хамчунин катибахои руй зарфхои чини аз осори тоисломии хати хоразми ба шумор мераванд. Дар давраи ислом чанд муддат чори будани он муайян нагардидааст. Баъди истилои Хилофати Араб чои хати хоразмиро алифбои арабиасоси точики (такрибан дар асри 10) гирифт. Дар хати хоразми харфхои … низ маъмул буданд. Ба замми ин, дар хати хоразми аломати …- барои ифода овози фонемаи Ц ва варианти чарангноки он дз ихтироъ карда шуд.

Адабиёт: Боголюбов М. Н., О некоторих особенностях арабохорезмийской писменности, «Народы Азии и Африки», 1961

А. Хромов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …