ХАШХОШИХО, кукнорихо (Рараvегасеае), як оилаи растанихои дупалларо гуянд. Xашхошихо асосан гиёххои яксолаву бисёрсола, баъзан нимбуттаву бутта ва дарахтони хурд (масалан Dedromekon, Воссоnia агborea) мешаванд. Дар узвхои хашхошихо шираи ширмонанд хосил мешавад. Xашхошихо одатан гулхои калон, 4—6 (баъзан то 16)-барга, гузаи сертухм ва тухми майда доранд.
Xашхошихо 25 чинсу 450 намуд (мувофики маълумоти дигар такрибан 50 чинсу беш аз 700 намуд)-и растанихоро дар бар мегиранд. Дар СССР 6 чинс (кариб 70 намуд)-и хашхошихо маълуманд. Дар Точикистои 3 чинси хашхошихо— Лаисаит, Коетепа ва Рарауег месабзанд. Xашхошихо растанихои сералкалоиданд. Дар байни онхо растанихои доруи, захрнок (Р. somniferum, pаusimum, К. refracta ) ва ороиши (Р. оrientale) бисёранд. Махсусан хашхош дар саноати тиб ва хурокворm пуркимат аст.
Адабиёт.: Травинистые растения СССР, том 1, Москва. 1071; Флора Такжикской ССР, том 4, Л., 1975. М. Хочиматов.