ХАР, маркаб, дарозгуш (Еquus Аsinus), хайвонест токасум (аз чинси асп). Хари вахши дар Африка (хари нубияги ва сомалиги) ва Осиё (гур ё гурхар, онагр, киянг) вомехурад.
Xар хайвони маъмули хонагист. Се гурухи зоти хар маълум аст:
1. Хари хурдчуссаи Африка ва Осиё (кадаш 80—105 см); зоти хархои ин гурухро дар Закавказия, Догистон, Казокистон ва Осиёи Миёна мепарваранд; 2. Х.-и калончуссаи Африка ва Осиё (кадаш 115—135 см); ба он зоти марви (РСС Туркманиистон) ва хамадони (Эрон), ки соли 1937 ба СССР овардаанд, мансуб аст. Хархои марви ва хамадониро барои ба вучуд овардани хичир истифода мебаранд;
3. Зоти хари заводиро (кадаш 135— 160 см) низ асосан барои ба вучуд овардани хачир мепарваранд; хархои шандуни (Хитои), пуатуяги (Франсия), каталони (Испания) ва америкои бехтарин зотхои ин гуруханд. Харро чун хайвони савори ва боркаш истифода мебаранд. Xар 18—20 сол умр мебинад.