ХАЛОЪ, халаъ, хало (араби холи будан), тихи, дар фалсафаи классикии Арабу Ачам фазои холиро номанд; бори нахуст дар таркиби мафхумхои фалсафаи атикан Юнон шакл гирифта, сипас тавассути осори Арасту ба мухити фархангии Шарки Наздик ва Миёна нуфуз кардааст. Бар хилофи Левкипп ва Демокрит барин «мардумони хало», ки «олам андар хало ниходааст ва андар олам” низ хало аст» мегуфтанд, Арасту исбот мекард, ки халоъ умуман вучуд надорад. Вакте накшаи геосентрии олам бунёди чахонбинии атикаи юнони карор гирифт, як саволи мухимми фалсафи пеш омад: берун аз сархади ин олами фазояш махдуд чизе хаст ё не? Агар бошад он халост ё мало? Дар «Ки тоб-ут-тафхи-м»-и Абурайхони Беруни омадааст, ки «гурухе аз пешиниён (равокиёи — А. Т.) з-он суй тихи биниходаанд бекарона». Худи Беруни, ки ба акидаи атомисти майл дошт, дар андеша буд, ки чаро халоъ умуман вучуд дошта наметавонистааст. Абуалии Сино бошад, баръакс, акидаи Арастуро пайрави карда, хамачихата собит кардан мехост, ки агар халоъ вучуд медошт, он хеч мебуд, ки ягон хосияти чизро надорад. Ба чуз далелхои фалсафи (аз кабили «хеч чисм андар хало набувад» ва гайра) Абуалии Сино ба исботи физикии набудани халоъ низ пардохтааст.
Бахс дар атрофи вучуд доштан ё надоштани халоъ дар Европа хам хеле давом кард. Дар асри 17 бошад, ба бахси доманадори файласуфон олимони табиатшпнос хамрох шуданд. Отто Герике озмуни физикие ороста кушиш кард, ки вучуд доштани халоъро исбот намояд. Файласуфони материалист мисли пешина дар чунин акида устувор буданд, ки «фазои холи» гуфтани гап умуман маънии илми надорад. Дар ибтидои асри 18 Толанд бо катъияти том мафхумии халоро аз чумлаи он иштибоххои сершуморе донистдаст, ки аз таърифи материя сар мезанад. Физикаи онвакта хануз дар банди акидаи атомистии замони атика буд. Аз чуьмла Ниютон гумон дошт, ки материя сар то сари фазои холии беинтихое баробар пахн шудаст, ки мутлак буда, ба сари худ, новобаста ба модда вучуд дорад.
Дар огози чоряки дуюми асри 20 худи мафхуми халоъ ба кулли тагйир ёфт. Дар асари назарияи релятивистии электрон (1928) ошкор гардид, ки фазои «холии» физики ба маънии тахтуллафзии истилох холи нест (чунон ки ин аз физикаи классики бармеояд): харчанд ки вакуум аз заррахои мукаррарии модда иборат нест, дар дохили вай заррахои «нимчон»-и атоми хастанд (онхоро заррахои виртуали меноманд); хангоми бо таъсири беруна ангохтани вакуум (тавассути таъсир кардан бо майдони электромагнити) заррахои мазкур «чон гирифта» ба заррахои мукаррари табдил меёбанд. Аз ин маъни хозир дар физика вакуум гуфта на фазои комилан холи, балки факат фазоеро меноманд, ки дар дохилаш заррахои вокеии навъи муайян (масалан, позитронхо) нестанд.
Вакууми физики ба маънии хозираи истилохиаш (холати кехини майдонхои электри, магнити, позитронию электрони ва гайра, ки ба харорати сифри мутлак рост меояд) аз мафхуми халое, ки дар ахди бостон шакл гирифта буд, фарсаххо дур бувад. Физика ва космологияи навоин олами багоят мураккаб ва рангоранги вакуумро кашф кард. Вале ин факат огози кашфиётхои бузурги оянда мебошад, ки тасаввуроти моро дар бораи бунёну бунёди олам ба кулли тагйир хоханд дод.
А. Турсунов.