ХАЛИЛ ИБНИ АХМАД—(такрибан 719, Басра — 791, хамон чо), филологи араб, асосгузори аруз. Намояндаи мактаби филологии Басра, шогирди Абуамр ибн Ало. Афкору акоиди илми ва ашъори Xалил ибни Ахмад тавассути осори шогирдопаш — Сибавайх, Асмай ва диг. бокй мон- даанд. Асари мухимтарипи X. и. А. нахустин фарханги забони араби мебошад. Тартиби моддахои фарханги Xалил ибни Ахмад аз руи талаффузи сархарфхо (халки, забони, дандони ва лаби ва гайра) аст. Он бо харфи «айн» () огоз меёбад ва «Китоб- ул-айн» ном гирифтанаш аз хамии чост. То замони мо мухтасари «Китоб-ул-айн» дар тахрири Абубакри Зубайди расидааст. Илми аруз дар адабиёту забони араби пеш аз Xалил ибни Ахмад собика надошт. Xалил ибни Ахмад вазни ашъори шоирони тоисломи ва баъди исломии арабро дар 15 бахр ва бахрхоро дар 5 доира дастабанди ва тасниф намуд. Барои унсурхои шеър истилохоти рукн, иллату зихоф ва гайраро офарид, ки имруз дар илми аруз мустаъмаланд. Сохти шеъри як катор мардуми Шарк, аз чумла, арузи форси-точики ва турки бар арузи Xалил ибни Ахмад бунёд ёфтааст. Баъзе арузшиносони муосир муътакиданд, ки Xалил ибни Ахмад аз забонхои юнони ва санскрит бохабар буд ва дар ихтирои аруз аз сохти шеъри ин забонхо истифода кардааст. Ба Xалил ибни Ахмад инчунин ихтирои аломатхол харакат, ки дар хатти араби маъмуланд, нисбат дода мешавад. «Китоб-ул-икоъ» («Китоб оид ба ритмика»), «Китоб-ун-нагам» («Китоби охангхо»), ки хар ду аз масоили мусики бахс мекунанд ба Xалил ибни Ахмад мансубанд. М. Умаров.