Маълумоти охирин

ХАЛИФА

ХАЛИФА (араби —ноиб, чойнишин), сардори давлати динию теократии мусулмони ё худ хилофатро гуянд. Дар ахди аввали ислом ва дар сунни сардори чамоаи мусулмони баъзе вазифахои Мухаммадро ба ухда дошт. Хар як халифа бояд аз тарафи чамоа интихоб мешуд ва хаёти онро мувофики шариат ба рох мемояд. Чахор халифаи аввал —Абубакр, Умар, Усмон ва Алиро «Хулафои рошидин» меномидалд. Минбаъд сардори давлати Умавиён, Аббосиён ва Фотимиёнро низ халифа меномидаги шуданд.

xalifa-xon-sulton

Аз асри 10 сар карда халифа шакат рухонии чамоаи мусулмони буд ва амалан хокимиятро дар даст надошг. Бо номи халифа сардори баъзе чараёнхои динию ирфони низ (масалан, хоричия) машхуранд. Муовини якуми шоханшох, ки дар айни хол сардори тарикати дини дар ахди Сафавия дар Эрон буд, «Халифатулхулафо» номида мешуд. Сардори баъзе равияхои дарвеши, намояндаи шайхони тарикатро дар дигар шахрхо низ халифа мегуянд. Як катор чараёнхои сиёсии мусулмонии муосир ((Масалан «ихвонулмуслимин») тачдиди вазифаи халифа ва хилофатро шарти баркарор намудани принсипхои хакикии исломи дар хаёти чамъият мешуморанд.
Дар равияи сунни унвони халифа бо имом хаммаъно буд, дар шиа унвони мазкур муродифи худро надорад. Дар асри 16 салотини турк худро халифа меномиданд. Ин унвон то таназзули Империяи Усмония (соли 1924), вучуд дошт.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.