Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХАЙР-УЛ-БАЁН»

«ХАЙР-УЛ-БАЁН»

«ХАЙР-УЛ-БАЁН» тазкираест, ки Ходи соли 1610 таълиф карда, соли 1626 бори дуюм тахриру такмил намудааст. Тазкираи умумиест иборат аз мукаддима, ду фасл, хотима ва хатми хотима. Тартиби тазкира алифбоист. Дар мукаддима баъди кисмати анъанави рочеъ ба таърихи салотини Сафавия сухан рафтааст. Фасли аввал зикри акволу ашъори шоирони кадим, фасли дуввум (иборат аз чор асл) зикри ашъору рузгори 280 шоиру адиби Эрон, Хуросону Мовароуннахрро дар бар мегирад. Дар хотима рочеъ ба шоирони дарбор ва хатми хотима дар бораи олимоне, ки табъи шоири доштанд, сухан меравад. Ходи анъанаи тазкиранависии Чоми, Давлатшохи Самарканди, Соммирзои Сафави ва дигаронро идома додааст. Бо вучуди баъзе галатхо, «Xайр-ул-баён» дар омузиши хаёту эчодиёти шоирони гузашта ва махсусан, муосирони муаллиф ахамияти зиёд дорад.
Як нусхаи дастнависи «Xайр-ул-баён» дар китобхонаи Музеи Британия махфуз аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.