Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАБАР

ХАБАР

ХАБАР, яке аз сараъзохои чумла буда, аз тарафи гуянда тасдик ё инкор шудани амал, холат ё аломати мубгадоро ифода мекунад. Xабар ба мубтадо тобеъ буда, онро аз чихати замон, шахс, шумора ва сига муайян менамояд. Муносибати грамматикии хабар ба мубтадо ба тарзи зерин сурат мегирад. Xабар 1) амалеро мефахмонад, ки аз тарафи мубтадо ичро шудааст: Ман ба аломати тасдик сар чунбондам (П. Толис); 2) амалеро мефахмонад, ки онро мубтадо кабул кардааст: Дар дигар тарафхои хавлии дарун анбор, ошхона, танурхона ва хезумхона барии иморатхои иловагии даркорибино ёфта буданд (С. Айни); 3) аломатаро мефахмонад, ки он ба мубтадои чумла нигаронида шудааст: Руяш мисли кулчаи ширмоли Каттакургон сурху сафед, абрувонаш сиёху дароз, чашмонаш хумор ва дилкаш (Ч. Икроми); 4) холати мубтадоро мефахмонад: Чарогхо хомуш шуданд. Аз руи тарзи ифода хабархо феъли ва номи мешаванд. Ба вазиаи хабар асосан феълхо серистеъмоланд; исм, сифат, шумора, чонишин, зарф, масдар, сифати феъли, феъли хол, нидо ва калимахои модали низ ба вазифаи хабар меояяд. Xабар аз чихати сохт содда ва таркиби мешавад. хабархои содда аз як калима, аз як калимаю бандакхои хабари, хабархои таркиби аз феълхои таркибии феъли, номи ва ибораю чумлахои фразеологи ташкил меебанд.
С. Абдурахимов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …