Маълумоти охирин
Главная / Биология / Гусфанди ПРЕКОС

Гусфанди ПРЕКОС

prekos

ПРЕКОС (франсави рreсосе — бармахал, тезрас), як зоти гушту пашмдехи гусфандони махинпашм. Прекосро охири асри 19 дар Франсия дар натичаи чуфтии кучкорхои зоти лейстер бо мешхои зоти рамбуле ва дар гер­мания мериносхои немисиро бо кучкорхои зоти дарозпашми англиси чуфти дода ба вучуд овардаанд. Прекос пуркувват, калон; кади кучкор 70— 80 см ва меш 65—70 см. Танаш дарозу гафс, тушаш калон ва пойхояш рост. Вазни зиндаи кучкор 100— 110 кг, меш—55—60 кг. Аз кучкор дар як тарош 8—10 кг ва аз меш 3,8—4,2 кг пашм мегиранд. Аз 100 cap меш 140—150 барра мегиранд. Прекос ба СССР солхои 1926—1931 аз Германия оварда шудааст; дар нохияхои марказии РСФСР, Бошкирдистон, Тотористон, Украина, Белоруссия ва гайра парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …