Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Галабаи Хокимияти Совети дар Точикистон

Галабаи Хокимияти Совети дар Точикистон

Галабаи Хокимияти Совети дар Точикистон. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Точикистон кисми таркибии ча-раёни ягонаи револютсиони буд.

То револютсия худуди имрузаи Точикистон ба кисмхои чудогонаи маъмури-территорияви таксим шуда, районхои шимоли ва Помир ба кишвари Туркистон ва районхои чануби шарки (Бухорои Шарки) ба аморати Бухоро дохил буд. Хокимияти Совети дар ин кисмхои Точикистон аз сабабхои объективию субъективи дар як вакт не, балки дар солхои гуногун галаба кард. Мехнаткашони То-чикистони Шимоли ва Помир дар натичаи ба хайати Россия дохил шуданашон дар сафи пеши муборизаи револютсионии халки точик буданд. Хамраъию хамкори бо халки рус, ба вучуд омадани иттифоки револютсионии мехнаткашони кишвари Туркистон бо синфи коргари Россия, рохбарии Партияи коммунисти, имдоди бародаронаи пролетариати рус, мавчудияти ташкилотхои махаллии сотсиал-демократ, барпо карда шудани Советхои депутатхои коргарон, аска-рон ва комитетхои аскарон ба вусъати рузафзуни харакатхои инкилоби мусоидат карда, галабаи револютсияи сотсиалистиро таъмин намуданд.

Галабаи револютсияи феврал ва сарнагун карда шудани мутлакияти подшохии Россияро ахолии районхои шимоли Точикистон бо хушнуди истикбол намуданд. 9 марти 1917 дар Хучанд Совети депутатхои коргарон ва аскарон, 14 март «Комитети рохиохан-чиён» барпо карда шуд. Бо кумаки Совети Хучанд дар кони ангишти Сулукта Совети депутатхои коргарон ташкил ёфт, ки дар он болше-вик Даниил Деканов сардори мекард. Дар нимаи якуми мохи март Советхои депутатхои коргарон дар кони ангишти Шуроб, чохи нефти «Санто» ва гайра ба вучуд омаданд.

r-kabiri-oktyabr1

7 апрели 1917 Хукумати муваккати Комитети туркистонии Хукумати муваккати (бо сардории кадет Н. Н. Шепкин) барпо кард, ки ба хайати он намояндагони буржуазияи рус, мансабдорон, миллатчиёни буржуазии махалли дохил мешуданд. Дар уезду волостхо, аз чумла дар уезди Хучанд комиссархои Хукумати му-ваккати таъин карда шуданд.

Мехнаткашони Помири дурдаст хабари сарнагун карда шудани хокимияти подшохиро 3 апрели 1917 шуниданд. Дар нимаи дуюми апрели бо сардории амалдори подшохи Белов Комитети умумипомирии Хукумати муваккати ташкил карда шуд. Аввали мохи май комитети мазкур дар махалхо комитетхои ичроия барпо кард, ки ба хайати онхо асосан одамони сарватманд дохил гардиданд. Ин чорахои Хукумати муваккати вазъиятро дар ин чо хеч тагйир на-доданд. Агар то сарнагун кардани мутлакият тамоми хокимият дар дасти сардори отряди Помир бошад, акнун Помирро комиссари граждании Хукумати муваккати ва сардори отряди Помир идора мекарданд.

Хамон вакт дар Помир Комитети умумипомирии аскарон бо сардории Воловик ва комитетхои постии аскарон пайдо шуданд.

Хукумати муваккатии кишвари Туркистои ба халки мехнаткаш хеч чиз надод. Халк мисли пештара зери истисмори дутарафаи истисморгарони махалли ва рус монда буд. Дар назди партияи болшевикон вазифаи ба халк фахмонда додани мохияти Хукумати муваккати ва фош сохтани сиёсати хоинонаи эсерхою меншевикхо меистод.

Аз галабаи револютсияи феврали дар Россия мехнаткашони аморати Бухоро низ хабар ёфтанд. Марти 1917 дар махалхои руснишини Бухорои Нав, Чорчуй, Тирмиз ва Карки коргарону аскарон Советхои депутатхои коргарон на аскаронро барпо намуданд. Дар тамоми махалхои руснишин митингу намоишхо шуда гу-заштанд. Бисёр махбусони сиёси аз хабс озод карда шуданд. Дар шахр-хои номбурда дар баробари Советхо Комитетхои ичроияи Хукумати муваккати низ барпо гардиданд. Дар Бухоро барои ба табааи рус на-зорат кардан ва манфиатхои онро химоя намудан Комитети ичроия ташкил карда шуд. Комитетхои ичроия, ки сардоронаш эсеру менше-вик буданд, бо Комитети туркистони робитаи зич пайдо карда, аз ёрию тарафдории он истифода менамуданд. ‘    ’ ..

Дар рузхои аввали револютсияи феврал дар худуди аморат хануз ташкилотхои мустакили болшевики набуданд. Аммо Советхо зери таъсири оммаи коргарон ба тамоми сохахои хаёти аморат дахл мекарданд. Дар вокеахои сиёсии хаёти аморат махсусан Совети Бухорои Нав, ки дар он нуфузи болшевикон зиёд буд, таъсири самарабахш мерасонд. Дар ин Совет болшевикони махалли Аб-дуллохоча Тураев ва Али Усмонов, ки дар зиндони амир халок шуданд, кори зиёди ташвикотию таргиботи мебурданд. Советхо ба оммахои халк таъсири калон расониданд. Рухияи револютсионии оммаи мехнаткашон руз аз руз меафзуд. Амир аз ин тарсида, 7 апрел манифест нашр кард, ки дар он бархам дода шудани чабру ситам, дар асосхои интихоби идора кардани давлат, суди одилона ва гайра ваъда карда мешуд. Амир ва мукаррабони вай бо ин манифест мехостанд диккати оммахои халкро аз муборизаи зидди истибдоди аморат дур куванд. Чадидхо бо камоли ифтихор манифести амирро истикбол намуданд. Ба ин муносибат онхо 8 апрел намоиши шукрона ташкил карданд. Аммо кисми иртичоии рухониён ва аъёну ашроф ба ислохот назари душманона доштанд. Дар зери таъсири онхо амир намоишро бо кувваи харби торумор кард. 14 апрел хукумати амир бо бахонаи «ба рухи шариат ва ислом мукобил» будани ислохот аз он даст кашид. Ин рафтори амир ва хукуматдороии вай мавчи нави хашму газаби мардумро ба вучуд овард. Дар Бухоро, Келиф ва Чорчу намоишхои эътирозии халк ба вучуд омаданд, ки хамаи оихо берахмона пароканда карда шуданд. Аморати Бухоро такягохи асосии контрреволютсия дар Осиёи Миёна гардид. Бахор ва тобистони 1917 кариб дар тамоми шахрхои Туркистон гуруххо ва ташкилотхои сотсиал-демократ ташкил ёфтанд. Дар худуди уезди Хучанд марти 1917 дар кони ангишти Сулукта ва чохи нефти «Санто» гуруххои сотсиал-демократ  барпо гардиданд. Мохи май гурухи сотсиал-демократ дар Хучанд ташкил ёфт, ки ба он таъсири болшевикон Б. А. Иваниский, Д. Т. Деканов ва Румянсев, ки ба фаъолияти комму-нистони Точикистони Шимоли рохбари менамуданд, калон буд.

Гуруххои сотсиал-демократ  нишондодхои программавии Владимир Илич Ленин ва карорхои Конференсияи 7-уми умумироссиягиро ба рохбари гирифта, баромадхои револютсионии оммаро ба рохи муборизаи муташаккилона барои ба револютсияи сотсиалисти табдил додани револютсияи буржуази-демократи равона менамудаед.

Дар зери таъсири харакатхои револютсионии маркази Россия муборизаи револютсионии мехнаткашони Туркистон низ вусъат меёфт. 30 апрел мачлиси умумии коргарони устохонахои рохи охани Тошкент ва Осиёи Миёна ба Комитети туркистонии Хукумати муваккати нобовари изхор кард. Дар зери фишори мехнаткашон хайати якуми Комитети туркистони нав карда шуд.

Бахору тобистон дар Точикистони Шимоли харакатхои коргари вусъат ёфтанд. Мохи май коргарони кони ангишти Сулукта корпартои карда, ба чори карда шудани рузи кори хаштсоата ва гайра муваффак шуданд. Коргарони заводхои пахта ва равгани Конибодом ва стансияи Драгомирово корпартои карда, як катор талабхои иктисоди пешниход намудан. Дар чараёни корпартоихо муташаккили, шуурнокии сиёсии коргарон меафзуд, хамраъии пролетариати рус ва Туркистон мустахкам мегардид.

Вале дар натичаи камшумории пролетариат ва дар корхонахои хурд парешон будани харакати коргари дар Точикистони Шимоли аз чихати микёс ва муташаккили аз харакати коргарии районхои нисба-тан тараккикардаи Россия хеле акиб монда буд.

Ба чараёни умумии вокеахои револютсиони аскарон низ кашида мешуданд. Болшевикон дар гарнизонхои харбии махалли корхои ташвикотию таргиботи бурда, варакахо пахн мекарданд. Варакахо аскаронро даъват менарданд, ки ба Хукумати муваккати бовар накунанд, ба мукобили сиёсати империалистии вай эътироз намоянд. Солдатхои рухияи револютсиони дошта аз фуру нишондани ошубхои дехконон даст кашида, мусодира намудани захираи галлаи ханнотонро талаб мекарданд.

Тобистони 1917 дар шахрхои Туркистон ташкилотхои махаллии мехнаткашон: «Совети депутатхои коргарони акибгох» (дар Хучанд), «Иттифок» (дар Самарканд), «Иттифоки мехнаткашони мусулмон» (дар Куканд) ва гайра барпо гардиданд. Дар бунёди ин ташкилотхо сахми коргароне, ки хангоми чанги империалисти аз Осиёи Миёна барои корхои акибгох ба Россия фиристода шуда буданд (Ч. Зокиров, Абдукодир Рауимбоев ва гайра) хеле калон буд.

Болшевикон бо мадади «коргарони акибгох» ва коргарони пешкадам мехнаткашони махалли ва коргарону дехконони русро тахти шиори «Тамоми хокимият ба Советхо!» ба фронти ягонаи револютсиони муттахид мекарданд.

Бо ташаббуси болшевикон дар Хучанд «Иттифоки коргарони рус» барпо карда шуд. Бо дархости ин иттифок тамоми ташкилотхои демократии мехнаткашони миллатхои гуногуни шахри Хучанд 29 июн ба ташкилоти ягонаи интернатсионалии мехнаткашон муттахид шуданд, ки он номи «Иттифоки мехнаткашон»-ро гирифт. Ин галабаи калони болшевикон буд, ки дар натичаи мубориза барои озодкунии омма аз зери таъсири идеологияи миллатчиги ва барпо намудани ягонагии ннтернатсионалии мехнаткашон ба даст оварда шуд.

Хабари вокеахои июлии Петроград ва хучуми Хукумати муваккати ба ташкилотхои револютсионии синфи коргар зуд ба мехнаткашони Точикистони Шимоли низ расид. Ба ин муносибат 8 июл дар Хучанд митинги мехнаткашон ва аскарони гарнизон бо ширкати дехконони волостхои нохияи шахр баргузор шуд. Иштирокчиёни митинг ба хайати эсеру меншевикии Совети Хучанд нобовари изхор карда, талаб намуданд, ки комитети ичроияи он аз нав интихоб карда шавад. Депутатхои эсеру . меншевикии Комитети ичроияи Совети Хучанд мачбур шуданд, ки аз намояндагии худ даст кашанд. Ба Комитети ичроияи Совет болшевикон, эсерони «чап» ва бепартиявиён дохил шуданд.

Вокеахои июли(бо Хукумати муваккати забон як кардани Советхои эсеру меншевикон ва ба тарафи Хукумати муваккати гузаштани Советхо) дар аксари шахру районхои мамлакат ба духокимияти хотима дод. Торумор шудани исёни Корнилов дар Туркистон низ майлу хохиши оммахои мехнаткашро ба тарафи болшевикон афзуд. 12 сентябри 1917 дар Тошкент митинги коргарон, аскарон ва камбагалони шахр барпо гардид.. Иштирокчиёни митинг карори болшевики кабул карданд, ки тамоми хокимият бе таъхир ба Советхо дода шавад, аз болои истехсолот ва таксимоти махсулот назо-рати коргари чори карда шавад, корхонаю банкхо милли кунонида шаванд, замин ба дехконон дода шавад.

Чамъомадагон Комитети муваккатии револютсиони интихоб намуданд, кн он бо хамрохии Совети Тошкент хокимиятро ба даст гирифт. Вале аз сабаби он ки дар Комитети револютсиони ва Комитети ичроияи Совет аксар эсерони «чап» ва меншевикон — «интернатсионалистон» чойгир шуда буданд, ягон тадбири катъие бар зидди контрреволютсия андешида нашуд. Хукумати муваккати дархол ба ёрии Комитети туркистони куввахои харбии чазодиханда фиристод.

Бо даъвати болшевикон коргарони Тошкент ба нишонаи эътироз 20 сентябр корпартоии оммави ташкил карданд. Мехнаткашони Тошкентро коргарони районхои шимоли Точикистон якдилона тарафдори намуданд. 24 сентябр рохиоханчиёни истгох Хучанд ба нишонаи эътироз бар зидди омадани кисмхои чазодиханда корпартои карданд. Рохиоханчиёни истгоххои Драгомирово ва Приданово ба корпартофтагон хамраъии худро изхор карданд.

Ин вокеахо ифодаи он буданд, ки ихлоси мардум аз Хукумати муваккати гашта, майли онхо беш аз пеш ба болшевикон меафзуд. Мохи октябр аксарияти депутатхои Советхои Точикистони Шимоли болшевиконро дастгири мекарданд.

Дар вазъияти пухта расидани кризиси револютсиони дар мамлакат фаъолияти сиёсии мехнаткашони Помир низ пурзур мешуд. Вале вучуд надоштанн синфи коргар, ташкилотхои сотсиал-демократи, Советхо садди рохи муташаккилии онхо мегардид. Мавкеи географи, шароити баландкухи ва инкишофи бенихоят сусти наклиёт боиси аз районхои дигари Туркистон чудо будани Помир мегардид. Синфхои доро аз ин истифода бурда, суикасди реаксиони тайёр карданд. Максади он дар Помири Шарки тахти химояи аморати Бухоро ва ё дигар мамлакати хоричи хокимияти феодалони махалли-ро нигох доштан буд. Ба ин суикасд феодали калон Азизхон сардори мекард. Аммо суикасд барбод рафт. Дар давоми мохи ноябри 1917 ва феврали 1918 дар Россия ва районхои миллии он Хокимияти Совети барпо карда шуд. Дар Осиёи Миёна пешоханги муборизони револютсия Советхои депутатхои Тошкент буданд. 28 май онхо бар зидди капиталистон ва помешикон шуриш ташкил карданд.

Аксарияти Советхои кишвар Туркистон ба шуришчиёни Тошкент хамраъй будани худро изхор намуданд. Гарнизони Уротеппа ба Тошкент хабар фиристод, ки тайёр аст ба шуришчиён кумак расонад.

Дар истгохи Хучанд ва чанде пас дар истгоххои Драгомирово ва Приданово комитетхои револютсиони барпо карда шуданд. Комитети револютсионии Хучанд ба отряди гвардиячиёни сурхе, ки аз коргарони рохи охан ташкил ёфта буд, такя намуда, харакати поездхоро зери назорат гирифт ва имкон надод, ки бо рохи охан кисмхои контрреволютсиони барои пахш кардани шуриш аз Фаргона ба Тошкент фиристода шаванд.

1 ноябр 1917 дар Тошкент шуриши мусаллах галаба кард. Комитети ичроияи Советхои Тошкент ба хамаи Советхо чунин телеграмма фиристод: «Совет тамоми хокимиятро кабул кард. Хокимиятро ба даст гиред!» Галабаи шуриши мусаллах дар Тошкент огози харакати музаффаронаи Хокимияти Совети дар худуди Туркистон буд. Советхои депутатхои коргарони кони ангишти Сулукта ва чохи нефти «Санто» аз аввалин рузхои инкилоб сохибони хакикии корхонахо гардида, хамчун органхои хокимият амал мекарданд. Дар истгохи Драгомирово низ хокимият ба дасти Совети депутатхои коргарон гузашт, ки онро якчоя бо Комитети револютсиони идора менамуд. Советхои коргарон ва аскарони Хучанд дар уезд хокимиятро ба даст гирифтанд.

Натичаи охирини муборизаи мехнаткашон барои галабаи Хокимияти Совети дар шимоли Точикистон аз бисёр чихат ба таносуби куввахои револютсия ва контрреволютсия дар вилоятхои Самарканду Фаргона вобаста буд. Дар Самарканд контрреволютсия ба шиори болшевикии «Тамоми хокимият ба Советхо!» шиори «Хамаи хокимият ба Мачлиси муассисон!»-ро мукобил гузошт. Аммо кушиши контрреволютсия барбод рафт. 13 декабр  Съезди вилоятии Советхои Самарканд Совети Комиссарони Халки Туркистонро эътироф кард ва дар вилоят ба ихтиёри Совети вилояти гузаштани хокимиятро эълон намуд. Ин карори съезд муборизаи мехнаткашони уезди Хучанд, Фалгар ва Панчакентро, ки ба хайати вилояти Самарканд дохил ме-шуданд, осон кард.

-6-—7 декабри 1917 Съезди вилоятии Советхои Фаргона баргузор шуд. Съезд эълон кард, ки дар тамоми вилоят хокимият ба дасти Советхо гузаштааст. Аммо дар Фаргона бошад, контрреволютсия ба Хокимияти Совети мукобилати сахт нишон медод. Дар Куканд куввахои контрреволютсиони чамъ омада, ба ном Съезди кишварии мусулмононро даъват кардаюд. Съезд Туркистонро «территорияи автономи» эълон намуд ва «хукумати автономи» интихоб кард Баъд аксулинкилобчиён босмачигиро сар карда, ба мукобили Хокимияти Совети бархостанд. Дар Куканд чамъ шудани куввахои аксулинки-лоби дар шимоли Точикистон вазъияти ташвишоваре ба амал овард. Районхои Конибодом ва Исфара, ки ба хайати уезди Куканди вилояти Фаргона дохил мешуданд, дар зери «Мухторияи Куканд» монданд. Танхо кони ангишти Шуроб ва чохи нефти «Санто», ки ба районхои Конибодом ва Исфара тааллук доштанд, хамчун чазирачахои Хокимияти Совети дар ихотаи куввахои аксулиикилоби боки монданд. Советхои депутатхои коргарони ин чо хокимиятро дар даст нигох дошта, бар зидди «мухториячиён», мубориза сар карданд. Бо кувваи якчояи гвардиячиёни сурхи «Санто», «Кизилкия», стансияи рохи охани Хучанд, отрядхои гвардиячиёни сурхе, ки Совети Комиссарони Халки  Туркистон аз районхои гуногуни советии кишвар ба Куканд фиристода буд ва бо дастгирии оммахои мехнаткашони шахр дар бадали ду руз (21—22 феврали 1918) куввахои мусаллахи «мухториячиён» торумор карда шуданд. Торумори «Мухторияи Куканд» галабаи Хокимияти Советиро дар Конибодом ва Исфара таъмин намуд.

Феврали 1916 дар Уротеппа амалдорон ва хизматчиёни собики армияи кухна «дружинаи халки рус» ном ташкилоти аксулинкилоби барпо карданд, ки он бар зидди Хокимияти Совети мубориза мебурд.

Маи 1918 дар Уротеппа аз сабаби бархам дода шудани Совет ташкилоте бо номи «Партияи коргарону дехконони мусулмон» барпо карда шуд, ки он тахти шиори «Тамоми хокимият ба Советхои коргарону дехконони Уротеппа!» кори зиёди ташвикотию таргиботи бурда, куввахои зидди аксулинкилобчиёнро дар атрофаш муттахид намуд. Совети вилоятии Самарканд ин партияро дастгири карда фармон дод, ки аз Хучанд ба Уротеппа отряди мусаллах фиристода шавад. 8 июли 1918 бо куввахои якчояи «Партияи коргарону дехконони мусулмон» ва отряди мусаллахи аз Хучанд омада, кисми аксулинкилобчиён забткардаи шахри Уротеппа мухосира карда шуд. Штаби «дружинаи халки рус» таслим шуд. 10 июли 1918 Совети депутатхои коргарон, аскарон ва дехконони Уротеппа ташкил карда шуд, ки он дар шахр ва дехоти атрофи он хокимиятро ба даст гирифт.

Нисбат ба районхои шимоли Точикистон ва районхои дигари Туркистон Хокимияти Совети дар Помир дертар галаба кард. Дар охири соли 1918 аскарони рухияи револютсиони доштаи отряди Помир бо хамрохии мехнаткашон Комитети револютсионии Помирро барпо намуданд. Воловик раиси он интихоб гардид. Совети Комисарони Халки Туркистон бо сардории коммунист А. А. Холмаков комиссияи харби-сиёси ва отряди мусаллах  фиристод, ки онхо феврали 1919 ба Хоруг расиданд. Ин комиссия ва отряд бояд худудхои давлатиро мухофизат ва Хокиммяти Советиро дар Помир мустахкам менамуд.

Баъд аз галабаи револютсияи сотсиалисти мехнаткашони Туркистон бо рохбарии Партияи коммунисти ба ташкилу мустахкам намудани органхои Давлати Совети ва дар асосхои сотсиалисти аз нав сохтани чамъият сар карданд. Апрели 1918 Съезди 5-уми Советхои кишвари Туркистон барпо гардид, ки он хуччати мухим — «Ни-зомнома дар бораи республикаи Туркистони федератсияи Россия»-ро кабул кард. Мувофики ин Низомнома Туркистон дар хайати Российская Соцалистическая  Федеративная Советская Республика РСФСР Республикаи Автономии Советии Сотсиалисти эълон карда шуд.

Автономияи Совети эълон шудани Туркистон галабаи принсипхои сиёсати миллии ленини буд. Вай тахкурсии асосхои давлатдории миллии советии узбекхо, точикхо ва киргизхоро гузошт ва дар рохи дар Осиёи Миёна бунёд гардидани республикахои советии милли икдоми мухим гардид. Тамоми худуди кишвари Тур-кистон, аз чумла районхои шимоли Точикистон ва Помир ба хайати Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон дохил шуд. 16 октябри 1918 Съезди 6-уми Советхои Туркистон Конститутсияи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии РАСС Туркистонро кабул кард, ки асоси онро «Декларасияи хукукхои халки мехнаткаш ва истисморшаванда» ва «Коидахои умумии Конститутсияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия» ташкил медоданд. Он музаффариятхои револютсияи сотсиа-листиро конунан мустахкам намуд.

Дар шимоли Точикистон баъд аз галабаи Револютсияи Октябр Советхо ба оммаи мехнаткашон такя карда, органхои хукмрони ва идоракунии буржуазь ва дигар ташкилотхои сиёсии истисморгаронро нест карданд. Аз декабри 1917 то бахори 1918 комитетхои ичроияи Хучанду Уротеппа ва комитети бехатарии чамъиятии Драгомирово бархам дода шуда, дар уезду волостхо вазифахои комиссарони Хукумати муваккати бекор карда шуданд. Декабри 1917 Совети Ху-чанд дар бораи бекор карда шудани ташкилоти махаллии «Шурои исломия» карор кабул кард. Соли 1918 Советхо думахои шахрии Хучанду Уротеппаро аз эътибор сокит донистанд. Армияи кухна, милитсияи буржуази ва тамоми аппарати буржуази-феодалии суди низ ба тарзи револютсиони тагйир дода шуд.

Партияи коммунисти бо иштироки васеи оммаи мехнаткашон аппарати кухнаи давлатиро бархам дода, аппарати нави давлати коргарону дехкононро барпо кард, ки асоси онро Советхо — органи давлатии диктатураи синфи коргар ташкил медоданд.

Дар аввалхо Советхои коргарону аскарон, Советхои депутатхои дехконон аз хамдигар чудо буданд. 45 апрели 1918 Съезди депутатхои дехконони уезди Хучанд, ки бо ташаббуси болшевикон даъват шуда буд, дар бораи муттахид намудани Советхои дехконон бо Советхои коргарон ва аскарон карор кабул кард. З0 апрел Совети коргарон ва аскарони Хучанд низ чунин карор кабул намуд. Муттахид намудани ин Советхо ба минбаъда мустахкамшавии иттифоки синфи коргару дехкон ва пойдор гардидани Хокимияти Совети мусоидат кард. «

Советхои махалли барои рохбари кардан ба сохахои гуногуни хаёти давлати, хочаги ва мадани сексияхо, шуъбахо ва комиссариатхо барпо намуданд. Дар чараёни муборизаи синфи отрядхои Гвардияи сурх барпо карда шуданд, ки онхо куввахои мусаллахи Советхоро ташкил медоданд. Дар шимоли Точикистон нахустин отрядхои Гвардияи Сурх хангоми шуриши мусаллах дар Тошкент дар стансияи рохи охани Хучанд ба вучуд омаданд. Чанде баъд онхо дар Сулукта, Драгомирово, Придиново ва дар шахри Хучанд барпо карда шуданд. Отрядхои Гвардияи Сурх куввахои мусаллахе буданд, ки аз байни коргарони револютсиони ташкил карда мешуданд ва дар мустахкам намудани Хокимияти Совети ва эмин доштани музаффариятхои Револютсияи Октябр мавкеи мухим доштанд.

Советхо ба барпо кардани милитсияи пролетари диккати махсус доданд. Дар Хучанд ва Уротеппа барои химояи музаффариятхои мех-наткашон ва мубориза бо горатгарию ханноти трибуналхои револю-тсиони ва комиссияхои фавкулоддаи тафтишоти (Чрезвычайный  Комитет) барпо карда шуданд.

Аз декабри 1917 то маи 1918 кариб дар тамоми корхонахои саноатии Точикистони Шимоли назорати коргари чори карда шуд. Марти 1918 дар Туркистон Совети хочагии халк ташкил ёфт, ки он саноати милликунонидашударо идора мекард. Дар хайати Советхои махалли шуъбахои саноат ва баъдтар дар Хучанду Уротеппа советхои хочагии халк барпо карда шуданд. Дар натичаи милли карда шудани корхонахои фабрику заводи, кухи, рохи охан дар хочагии халки Точикистони Шимоли  уклади сотсиалисти ба вучуд омад.

Советхои махалли ва органхои заминдори аз аввалин кадамхои фаъолияти худ як катор тадбирхо андешиданд, ки онхо ба халли масъалаи аграри равона карда шуда буданд.  Комитетхои замину об ташкил карда шуданд, ки онхо заминхои мусодирашударо ба дехконони безамин ва камзамин таксим карда медоданд. Дар баробари замин камбагалон аз тухми ва асбобу анчоми дехкони таъмин карда мешуданд.

Хамаи ин навсозихо ба мехнаткашони аморати Бухоро таъсири пурзури револютсиони нарасонида наметавонистанд. Хабари галабаи Револютсияи Октябр синфи хукмрон ва хукумати аморати Бухороро нохуш гардонд. Галабаи револютсияи русро онхо ба хокимияти зулмпарвари худ тахдид медонистанд ва ба мукобили Давлати Совети бо хар восита тайёри медиданд. Дар баробари ин амир ба ёрии контрреволютсияи рус ва империалистони англис умеди калон мебаст. Аз ноябри 1917 то марти 1918 амир се маротиба ба армия сафарбари эълон карда, микдори лашкарашро ба 30 хазор нафар расонд. Гайр аз ин вай бо атаман Дутов, «Мухторияи Куканд», сардори феодалхои туркман Чунайдхон ва гвардиячиёни сафеди «Ташкилоти харбии Туркистон» алока баркарор намуд. Ба амир империалистони англис низ ёри мерасонданд. Бокимондахои отрядхои торуморшудаи гвардиячиёни сафед низ дар Бухоро панох ёфта буданд.

Хукумати Туркистони Совети кушиш мекард, ки бо аморати Бухоро муносибатхои неку хамсояги баркарор намояд. Резиденти Россия дар Бухоро хамчун органи сиёсати мустамликадории Хукумати муваккати бекор карда шуд. Ба чои вай январи 1918 Хукумати Совети Комиссияи оид ба корхои Бухороро ташкил кард. ОКХ Туркистон кушиш намуд, ки бо аморат муносибатхои дустона баркарор кунад, вале амир хамаи таклифхои вайро рад кард.

Марти 1918 байни Туркистони Совети ва аморати Бухоро задухурди мусаллах ба амал омад. Ба ин задухурд аз як тараф, амалиёти мочарочуёнаи чавонбухориён ва аз тарафи дигар, хатоии Совети Комиссарони Халки Туркистон ва раиси он Ф. Колесов сабаб шуд.

Чавонбухориён, ки манфиатхои буржуазияи миллиро ифода мекарданд, нияти бо ёрии Хокимияти Совети дар аморат гузаронидани ислохот ва ба даст гирифтани хокимиятро доштанд. Дар баробари ин онхо мехостанд, ки амир дар сари хокимият бошад. Рохбарони чавонбухориён ба хукумати Туркистон таклиф намуданд, ки ба мукобили аморат якчоя амал кунанд. Онхо изхор намуданд, ки дар ихтиёри худ отрядхои револютсиони (иборат аз 30 хазор нафар) доранд ва тайёранд ба шуриши зидди амир бархезанд. Дар амал чавонбухориён ягон хел кувва надоштанд ва аз халк дур буданд.

Совети Комиссарони Халки Туркистон фирефтаи чавон-бухориён гардида карор дод, ки ба мехнаткашони Бухоро дасти ёри дароз кунад.

«Походи Колесов» хатои чиддии болшевикони Туркистон буд. Онхо мехостанд бидуни фаро расидани вазъияти револютсиони сохти мустабиди амириро дар Бухоро сарнагун созанд. Ин боиси курбонихои зиёд гардид. Кисми чавонбухориён кушта ва кисми дигарашон ба зиндонхо партофта шуданд, кисмашон ба Туркистон фирор намуданд. 25 март байни амири Бухоро ва Совети Комиссарони Халки Туркистон дар Кизилтеппа созиш карда шуд.

Амир баъд аз созиш нисбат ба Туркистон сиёсати ошкоро душ-манонаро пеш гирифта, бо мудохилакорони англис ва хукумати эсе-рию меншевики дар Ашхобод робита баркарор кард. Тирамохи 1918 вай бо намояндагони Англия иттифоки харби баст, ки баъди он ба Бухоро фиристодани яроку аслихаи англиси хеле афзуд. Англия ба ин чо инструкторхои харбии худро фиристод. Амир ухдадор шуд, ки армияи 40-хазорнафари тайёр карда, фронти Закаспийро аз Тошкент бурида чудо кунад. Маи 1919 лашкарони амир бо гвардиячиёни сафеди фронти Закаспий шахри Каркиро мухосира карданд, вале баъди ба ёрии мудофиачиён расида омадани куввакои иловаги мухосираи шахр бархам дода шуд.

Хангоми хучуми Колчак ба Давлати Совети амир бо вай алокаи наздик баркарор намуд. Колчак соли 1919 ба Бухоро миссияи харби фиристод. Яке аз вазифахои асосии миссия дар байни амиру босмачихои Фаргона робитаи мустаккам барпо намудан буд.

Ба хамин тарик, аморати Бухоро ба такягохи асосии контрреволютсия дар Осиёи Миёна табдил ёфт. Вале ба амир муяссар нагардид, ки ба мукобили Туркистони Совети баромади мусаллах ташкил намояд. Дар аморат бухрони револютсиони пухта мерасид (тирамохи 1920) харакати инкилоби торафт меафзуд. Мавчудияти режими мустабиди амир зери хатар монда буд.

Галабаи Револютсияи Октябр, пойдор гардидани Хокимияти Совети дар Туркистон ва дар Бухорои Нав, Чорчу, Карки ва Тирмиз ба дасти Советхо гузаштани хокимият дар револютсиякунонии оммахои мехнаткаши аморати Бухоро мавкеи калон дошт.

Коргарони корхонахои саноати ва рохиоханчиён кисми фаъол ва револютсионии куввахои инкилобиро ташкил медоданд. Ба онхо табакахои нимпролетарии ахолии шахр ва дехконони мехнаткаш, ки аз истибдоди амир, камзамини ва истисмори феодали азият мекашиданд, хамрок мешуданд. Мехнаткашон бар зидди сиёсати зиддихалкии хукумати амир руирост баромад мекардаги шуданд.

Мохи декабри 1918 дар Карши шуриш бархост. Соли 1919 шуришчиёни  Гиждувон бекро ба катл расонданд. Бахори хамин сол издихоми мусаллахи дехконон ва хунармандон ба кароргоки беки махаллии шахри Карши хучум карда, аз у бас кардани аскаргириро талаб намуданд. Июли 1919 15 хазор нафар дехконон ва ху-нармандони Бухорои Кухна бар зидди сиёсати амир баромаданд. Соли 1920 дар Карши, Бухорои Кухна, Шахрисабз ва Нурато ошубхои калон ба амал омаданд. Дар армия низ галаён бархост. Соли 1920 аз армияи гурехтани сарбозон оммави шуд. Хамаи ин гувохи он буданд, ки дар аморат бухрони револютсиони пухта расидааст.

Муборизаи револютсионии оммахои халкро Партияи Коммунистии Бухоро (ПКБ), ки тирамохи 1918 ташкил ёфта буд, сарвари мекард. Ба фаъолияти Партияи Коммунистии Бухоро ПКБ ва Комитети Марказии он органи намояндагии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) дар Осиёи Миёна — Комиссияи оид ба Туркистон (Турккомиссия) рахнамои менамуд. Ба коммунистони Бухоро Советхои коргарон ва аскарон ва ташкилотхои Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП(б) Бухорои Нав, Чорчуй, Тирмиз ва Карки ёрии хаматарафа мерасониданд.

Сиёсати аморат хилофи манфиатхои куллии мехнаткашон буд ва косаи сабри халкро лабрез мегардонд. Оммахои мехнаткаш тайёр буданд, ки сохти мустабиди амириро вожгун созанд. Ба онхо ёрии харбии Россияи Совети зарур буд. Бюрои Сиёсии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП (б) карор дод, ки ба халки Бухоро чунин ёри расонда шавад. 15—18 авг. 1920 дар шахри нави Чорчуй, ки дар он чо хокимият дар дасти Советхо буд, Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Бухоро барпо гардид. Съезд «Дар бораи револютсияи Бухоро» масъала мухокима кард ва карор дод, ки ба мукобили хукумати амир шуриши мусаллах сар карда шавад.

25 августи 1920 Турккомиссия, Бюрои туркистонии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) КМ РКП(б), Совети пропагандаи интернатсионали дар Шарк ва Совети револютсионии харбии фронти Туркистон дар мачлиси якчояи худ бо иштироки Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро ПКБ «масъалаи Бухоро»-ро мухокима намуданд. Карор дода шуд, ки шаби 29 августи 1920 дар Чорчуй шуриш бардошта шавад. Барои рохбари ба револютсияи Бухоро дар хайати намояндагони Турккомиссия, Партияи Коммунистии БухороПКБ ва Бюрои туркистонии чавонбухориён Маркази партияви ташкил карда шуд.

28 августи 1920 отряди коммунистон Чорчуйро ба даст дароварда, хокимияти беки онро вожгун сохтанд. Шуришгарон Комитети револютсиони барпо намуданд ва ба дехахо косид фиристоданд. Дар Хатирчи, Шахри-нав ва дигар шахрхои аморат низ шуриш сар шуд. Комитети револютсиони ба тамоми мехнаткашони Бухоро бо хитобнома мурочиат карда, онхоро ба сарнагун кардани хокимияти амир ва хокимияти махалко даъват намуд. Комитети револютсиони дар хитобнома программаи худро муайян карда, аз номи оммаи мехнаткашони аморат Армияи Сурхро хохиш намуд, ки «мукобилати душманони халкро пахш намояд».

Лашкаркаши номи М. В. Фрунзе 28 августи 1920 ба чанговарони Фронти Туркистон фармон дод, ки ба ёрии мехнаткашони Бухоро шитобанд.

2 сентябри 1920 шуришгарон ва Армияи Сурх тамоми Бухорои Кухнаро ба даст дароварданд. Худи хамон руз М. В. Фрунзе ба Владимир Илич Ленин бо телеграф чунин хабар дод: «Имруз бо хучуми якчояи куввахои сурхи Бухоро ва кисмхои мо калъаи Бухорои Кухна гирифта шуд. Охирин такягоки чахолат ва сиёхгурухчиёни бухорои фано гардид.

Револютсияи халки дар Бухоро галаба кард. 6—8 октябри 1920 Съезди 1-уми умумибухороии намояндагони халк барпо гардид, ки он тавлид ёфтани Республикаи Халкии Советии Бухороро эълон кард.

Револютсияи соли 1920 дар Бухоро натичаи таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр буд. Куввахои харакатдихандаи он коргарони махалли, пролетариати ба ёрии мехнаткашони Бухоро омадаи Россия, тамоми дехконон ва буржуа-зияи майда буданд. Роли рохбари дар револютсия ба пролетариат ва партияи он — партияи коммунистон тааллук дошт.

Мувофики характер ва максаду вазифахои наздиктарини худ револютсияи Бухоро револютсияи зиддифеодали, зиддиим-периалисти ва буржуази-демократи буд. Галабаи револютсия аз дасти феодалхо ба дасти халк гузаштани хокимиятро таъмин намуд. Органи хокимияти халки дар Республикаи Бухоро Советхои депутатхои халки буданд, ки диктатураи револютсиони-демократии пролетариат ва дехкононро ба амал мебаровард, ки дар он роли рохбарикунандаро синфи коргар мебозид.

Револютсияи Бухоро дар шароити мавчудияти сохти совети, диктатураи пролетариат дар Россия галаба кард. Бинобар ин мехнаткашони Бухоро метавонистанд, ки ба ёрии пролетариати Россия такя намуда, на танхо ба дигаргунсозихои умумидемократи, балки ба сохтмони сотсиализм низ камар банданд. Револютсияи хал-ки-демократии Бухоро минбаъд ба револютсияи сотсиалисти сабзида расид.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …