Маълумоти охирин

ГУНЧА

ГУНЧА, гулгунча, гунчаи гул, пунбаки гул, гули ношукуфтаро гуянд.

gmcha

Дар F. хама узвхои гул (косабарг, гулбарг, гардбарг, гард, гарддон, гардгирак, гарднайча, тухмдон, шахддон ва г.) ба хуби ташаккул ёфтаанд. Аз руи F. бисьёр вакт диаграммаи гул (ниг. Гул), чойгирии мутаносиби узвхо, хусусиятхои морфологии растанихо (оилахои гуногуни наботот) ва г-ро меомузанд. Гулгунчаи бисьёр растанихо барои тиб, атриёт, саноати хуроквори ва г. ахамияти калон дорад. Мас-, як навъ хушбуиро, ки бо номи мехак, инчунин каранфули гардан маъмул аст, тавассути хушконидани F.-и гулхои дарахти хамешасабзи каранфул хосил мекунанд. Онро дар канноди, саноати консерв, атриёт, машрубот ва г. фаровон истифода мебаранд. Таоъмро монанди мурч, зардчуба, дорчини ва г. хуштаъму хушбуй менамояд. Очори F.-и гули кавар низ хуриши хуб ва давоист.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …