Маълумоти охирин

ГУЛМУШ

ГУЛМУШ, хойбургак (Ochoto-nа), як чинси хайвони ширхури заргушмонандро гуянд. Дарозиаш то 2о см, гушаш кутох, думаш кутохи зохиран ноаён (60—80 мм). Пойхои пешу кафояш кариб якхелаанд. Тобистон рангаш аз зардча то кахваранги сурхтоб, зимистон зардчаи хокистарист. Дар дуньё 12 намуди Г. зиндаги мекунад. Дар СССР 7 намуди Г. хаст. Г.—хо дар махалхои кушоди доманакуху кух (то баландихои 6 хаз. м аз с. б.), кисмаи даштхои хамвор ва минтакахои серсанги шагалзор маскан мегиранд. Гала-гала зиндаги мекунанд. Тамоми руз ва шомгох серхаракатанд. Овози Г. чирроси аст. Г. хайвони алафхур буда, барои зимистон то 20 кг алаф ва шохчахои хушк захира мекунад. 5—6-то бача мезояд.

ghulmush

Дар Точикистон ду намуди Г. вомехурад: Г.-и гушкалон (О. гоу-lei) ва Г.-и сурх (О. rutila). Дарозии танаи Г.-и сурх то 23 см буда, гушаш назар ба гуши F.-хои диг. дарозтар (то 31 мм) аст. Тобистон пусташ бури зардчатоб, зимистон хокистарранги зардтоб мешавад. Г.-и гушкалон дар шарки Помир ва кисман дар чан. шарки Бадахшон (то баландии 4800 м аз с. б.) гурух-гурух шуда, бештар дар ковокихои санглох ва кисман дар маргзорхои баландкух хона месозанд. Дар 1 га санглоххои Помир то 20—25-то Г.-и гушкалон вомехурад. Г. аз нимаи тобистон cap карда растанихоро мехушконад ва барои зимистон дар зери сангу таркишхои назди хонааш пинхон мекунад. Дар як сол 2—3 маротиба (аз апр. то июль) афзоиш мекунад ва хар бор 2—5-то бача мезояд.

Г.-и сурх низ сокини хоси баландкух буда, аз бисьёр чихатхо ба Г.-и гушкалон монанд аст. Чисман хам бо он кариб як хел, вале рангаш дигар хел аст. Пусти Г.-и сурх тобистон зарди сурхтоб, зимистон хокистарранг мешавад. Асосан дар к-куххои Хисор, Зарафшон, Туркистон, инчунин Бадахшони шим., гарби (2000—3500 м аз с. б.) бештар дар санглоххо (дар 1 га 20—30 cap), дар ковокихои санг ва кафидаи шаххо зиндаги мекунад. Аз июнь то авг. барои зимистонгузарони хурок гун мекунад. То 5—8 кг растани чамъ меорад. Дар як сол 2—3 маротиба (аз апр. то июль) насл медихад, хар дафъа 2—5-то бачаи бино ва пашмдор мезояд. Хамлаш 30—32 руз давом мекунад. Бачахояш дар бахори соли оянда болиг мешаванд. Г.-po савсор, кокум ва диг. хайвонхо дошта мехуранд.

Ад.: Абдусаломов И. А., Баева В. Г., Линдт И. И.. Олами хайвоноти Точикистон, Д., 1981; Жизнь животных. Млекопитающие, или звери, т. 6, М., 1971; Фауна Таджикской ССР, т. 20, ч. 1, Ц., 1974; Таджикистан, природа и природные ресурсы, Д., 1982.

Г. С. Давидов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …