Маълумоти охирин

ГУК

ghuk

ГУК, гукхо (Bufonidae), як оилаи обхокихои бедумро гуянд. Г.-хо зиёда аз 1200 намуд дошта, дар хамаи материкхо мавчуданд. Г.-хо 7 зероиларо дар бар мегиранд: Г.-хои австралияги (Criniinae), Г.-хои кухи (Heleophryninae), Г.-хои чанубиамерикои (Psqudinae), Г.-хои оинадор (Rhinophryninae), Г.-хои сипарангушт (Elosiinae), Г.-хои хуштаккаш (Leptodactylinae) ва худи Г.-хо (Ви-foniпае). Чинси Г. (Bufo) кариб 250 намуд дорад; дар СССР 4 намудаш хаст: Г.-и мукаррари, Г.-и сабз, Г.-и мугули ва Г.-и камишзор. Г.-и мукаррари (В. bufo) дар бешазор ва богроту маргзори минтакахои шимолию муътадил зиндаги мекунад. Дарозиаш то 20 см; рузона зери санг, байни кундаи дарахтон ва г. пинхон мешавад. Гизояш хашарот, тортанак, лесакхо, кирми лойхурак ва г. Г.-и мугули (В. raddei) дар Сибири Шарки ва Шарки Дур, Г.-и камишзор (В. calamita) дар гарби СССР зиндаги мекунанд. Г.-и сабз (В. viridis) асосан дар Крим, Кавказ ва Республикахои Осиёи Миёна (аз чумла Точикиотон) маскун аст. Дарозиаш то 14 см; асосан дар хушки (Гайр аз давраи тухмгузори) зиндаги мекунад. Дар Химолой дар баландии то 4500 м ёфт шудааст. Шомгохон ё шабона фаъол гашта, гамбуск, кана, мурча, кирминаи хашарот ва г-ро мехурад. Пусти Г.-хо дорои гадудхои захрбарор аст, ки як навъ моеъи талхмаззаю тезбуй хорич мекунанд; моеъ ба луобпардаи хайвонот расида онро озурда менамояд. Аз захри Г. чонварони хурд нобуд мешаванд. Г.-хо ахамиятнок буда, хашароти зараррасони полизу боготро нест мекунанд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …