Маълумоти охирин
Главная / Илм / ГОРШИНОСИ

ГОРШИНОСИ

ГОРШИНОСИ, спелеология (аз юн. spelaion — гор ва …логия), илмест, ки бо омухтани горхо — пайдоиши онхо, морфология, микроиклим, обу наботот, хайвоноти хозира ва кадимии горхо, бокимондахои маданияти моддии одамони асри санги, тасвирхои руи шах, хайкалхо ва тарзи истифодаи имрузаи онхо машгул аст. Азбаски аксари горхои калон дар натичаи дар об хал шудани чинсхои кухи ба вучуд омада, бо ходисахои карсти каробат доранд, Г. низ бо каретшиноси зич алокаманд мебошад. Г. баробари горхои карсти, инчуннн горхоеро меомузад, ки бо рохи фарсоиш, дефляция, абразия, суффозия, аз таъсири куввахои тектоники (горхое, ки аз кафидахо пайдо шудаанд), дар натичаи чори ва шах шудани лава, об шудани ях (горхои яхи) ва г. ба вучуд омадаанд.

ghorshinosi

Г. дар нимаи дуюми а. 19 хамчун илм ташаккул ёфт. Пайдоиши он бо номхои тадкикотчии франсави Э. А. Мартел, олимони австрияги А. Шмидл, Ф. Краус, А. Грунд ва В. Кнебел вобаста аст. Г. бо геология, минералогия, геоморфология, гидрогеология, гидрология, метеорология ва иклимшиноси, ботаника, ландшафтшиноси, зоология ва палеонтология, археология ва таърих алокамандии мустахкаме дорад. Дар СССР бо масъалахои Г. Ин-ти кастшиноси ва спелеологияи Пермь (умуминитифоки), Уфа, Комиссияи карсту спелеологии Чамъияти географии СССР (Ленинград) ва секцияхои сершумори спелеотуризм машгуланд, ки фаъолияти  онхоро секцияи марказии спелсотуризми Совети марказии оид ба туризм ва экскурсняхои  ВЦСПС (Москва) назорат мекунад. С. 1953 Конгресси якуми Иттифоки байналхалкии горшиноси барпо гардид, ки устави он с. 1965 дар Конгресси 4-уми байналхалкии горшиноси дар Любляна (Югославия) кабул карда шуд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …