ФУЗАЙЛ МАХСУМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), сардори дастаи босмачиёни Каротегин, собик амалдори амир. Аз дехаи Метаниёни Калъаи лаби оби вилояти Гарм. Бо Анварпошшо дар Бухорои Шарки наздик шуд. Вале баъди шикаст хурдани Анварпошо ба Каротегин гурехта, худро мири он эълон кард. Ибтидои соли 1923 вай дар Каротегину Дарвоз тамоми дастахои босмачиёнро муттахид намуд. Барои шикаст додани Фузайл Махсум Фронти Туркистон Экспедисияи харбии Каротегинро ташкил карда, 29 августи 1923 Гарм, 12 август Дарвоз, Калъаи хумро озод намуд. Фузайл Махсум 23 августи 1923 ба хорича гурехт. 13 апрели 1929 Фузайл Махсум бо дастаи худ аз Панч гузашта Калъаихумро забт намуд ва бисёр коркунони совети, коммунистону комсомолон ва фаъолону дехкононро ба катл расонд.
У аз Хоит ба Гарм равона шуд. Дар Гарм (дехаи Нимичи Поён) 21 апрели 1929 отряди 18-нафараи коркунони масъули совети бо дастаи 400-нафараи Фузайл Махсум ру ба ру шуд. Дар ин мухориба хамаи хайати отряд халок гардид. Дар арафаи шаби 23 апрели 1929 Фузайл Махсум бо дастааш Гармро мухосира кард. 23 апрел ба ёрии ахолии Гарм бо самолёт кисмхои Армияи Сурх расида омада, дастаи Фузайл Махсумро пурра шикаст доданд. Фузайл Махсум бо бокимондахои дастааш 3 майи 1929 аз Панч гузашта ба хорича фирор кард.
Ш. Юсуфов.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.