«ФУТУХОТИ шохи» асари таърихии Амир Садруддин Султон Иброхими Амини (асри 16), ки ба забони точики таълиф кардааст. «Футухоти шохи» аз ду дафтар (чилд) иборат аст. Чилди аввал дорои 5 боб буда, боби 1-ум дар бораи офариниши оламу одам ва асосгузорони дини ислом; боби 2-юм дар бораи 23 соли аввали хукмронии Хилофати араб (хаёти Мухаммад); боби 3-юм дар бораи хаёти Али ибни Абитоллб ва имомхои шиа; боби 4-ум дар бораи гузаштагони шох Исмоил; боби 5-ум давоми бевоситаи боби 4-ум буда, дар бораи 12 соли хаёти шох Исмоил, забткорихои у ва гайра бахс мекунад. Чилди 2-юм низ ба бобхои алохида чудо шуда, дар онхо оид ба чанг ва галабахои Исмоил (забти Кавказ, Табрез, Шероз, Султония, Багдод, Хучистон, Мозандарон, Хуросон, кисми Мовароуннахр) ва гайра маълумот дода шудааст. «Футухоти шохи» бо номи «Шоханшохнома» низ зикр шудааст. «Футухоти шохи» барои омухтани вазъи сиёсию ичтимои, иктисодию мадании асри 16, муносибати сулолаи Сафавиёни Эрон ва Шайбониёни Мовароуннахр ва гайра сарчашмаи мухимме мебошад.