Маълумоти охирин

ФУТА

ФУТА, порчаи матои сербари дарозест, ки хамчун миёнбанд, лунги ё салла истифода мебаранд. Фута дар байни халкхои Осиёи Миёна, аз чумла точикон аз даврахои кадим маъмул аст. Истилохи фута дар Осиёи Миёна ба воситаи забони араби чори гаштааст. Фута аввал дар Хиндустон ва минбаъд дар Осиёи Миёна пахн шудааст. Футахо аз матоъи гуногун тайёр мекарданд. Ранги он ба синну соли мард вобаста буд. Муйсафедон футаи сафед, миёнсолхо футаи кабуд, чавонон бештар футаи сурх, зард ва пуштии баландро мебастанд. Фута инчунин барои гирифта гаштани хар гуна предметхо, чун даструймол, чойнамоз, истифода бурда мешуд. Маъмултаринаш футаи кашмири буд, ки онро аз матоъи пашмин тайёр карда оро медоданд. Футаи кашмириро домодхо шаби акди никох ба миён мебастанд.
Дар солхои 30—40 асри 20 фута тадричан аз истифода баромада, чои онро якабандхои гуногунранг гирифтанд. Футаро холо дар баъзе чойхо занон хангоми азо ба миён мебанданд. Н. Турсунов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.