Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФТИЗИАТРИЯ

ФТИЗИАТРИЯ

ФТИЗИАТРИЯ (аз юнони phtisis— логари, хароби, сил ва iatreia — муолича), як кисмати тибро гуянд, ки сабаб ва механизми инкишоф, зухуроти клиникию морфологи, муолича ва усулхои пешгирии силро меомузад. Фтизиатрия аз кисмхои зерин иборат аст: фтизиохирургия (фтизиатрияи чаррохи), фтиаиопедиатрия (фтизиатрияи бачагона), фтизиоурология ва гайра фтизиатрияи муосир аз усулхои ташхиси комплекси — клиники, рентгенологи, эндоскопи, биохимиявию бактериологи ва гайра истифода мебарад, Пеш аз Револютсияи Октябр дар худуди хозираи Точикистон аз сабаби хеле бад будани ахволи иктисодию мадании халк сил яке аз беморихои пахнгардида буд.

e3c73ff55eebf5b26ef9273c4a3d6935

Аа рузхои аввали Хокимияти Совети дар Точикистон мубориза бар зидди сил огоз ёфт. Соли 1933 дар Хучанд ва 1935 дар Душанбе аввалин диспансерхои зидди сил таъсис ёфтанд. Агар соли 1941 дар муассисахои зидди бемории сили республика хамаги 21 духтур, аз чумла 10 фтизиатор ва 345 кат (125 катхои санатори) бошад, соли 1982 духтурфтизиаторхо ба садхо ва микдори кат ба 4555 расид. Дар республика соли 1962 нисбат ба 1970 бемори 2 баробар (дар байни кудакон 3 баробар) ва фавтидан аз ин дард 4 баробар кам шуд. Дар институти давлатии тиббии Точикистон соли 1957 кафедраи беморихои сил ташкил шуд, ки он маркази республикавии тадкикоти илми оид ба Сил мебошад. М. Пулодов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …