ФРАНСИЯ (Гrance), Республикаи Франсия (Republicue Ггаncaise), давлатест дар Европаи Гарби. Аз гарб ва шимол бо халичи Бискай ва гулугохи Ла-Манши укёнуси Атлантик, аз чануб бо бахри Миёназамин (халичи Лиоя ва бахри Лигурия) ихота шудааст. Масохаташ 551 хазор км2. Ахолиаш 55,4 млн нафар (январ 1985), 93% ахоли франсавихо, ахолии шахри беш аз 73%. Забони расми франсави. Диндорон асосан католикхоянд. Пойтахташ шахри Париж.
Франсия аз чихати маъмури ба 96 департамент таксим шудааст. Ба хайати Франсия «департаментхои онсуибахри» — Гваделуна, Мартиника, Гвиана, Реюнон, чазирахои Сен-Пер ва Микелон, инчунин «нохияхои онсуибахри» — чазирахои Каледонияи Нав, Полинезияи франсави ва Кергелен, Уоллис ва Футуна дохиланд. Сардори давлат— президент. Парламент аз ду палата — Мачлиси милли ва Сенат иборат аст.
Релефи нохияхои гарби ва шимоли мамлакатро хамворихои паст ва теппахо (пастии Гаронна, хавзаи Париж), инчунин куххои паст ташкил медиханд. Дар чануб ва гарб куххои баландиашон миёна (куххои Марказии Франсия, Вогезла Юра), дар чанубу гарб ва чанубу шарк куххои баланди Пиреней ва Алп (куххои Монблан 4807 м, баландтарин нуктаи Европа) вокеъ гаштаанд. Иклим муътадили бахри, дар шарк ба континенти мегузарад; дар сохили бахри Миёназамин субтропикии бахри миёназаминист. Харорати миёнаи январ 1—1(ГС, июл 16—24°С. Боришоти солона 600—1000 мм, дар куххо 2000 мм ва аз ин хам зиёдтар. Дарёхои калон: Сена, Луара, Рона, Гаронна; аз шарки мамлакат дарёи Рейн мегузарад. 24% худуди мамлакат бешазор аст.
Дар давраи кадим дар худуди Франсия галлхо (келтхо) истикомат мекарданд, аз хамин сабаб Франсияро дар он давр Галлия меномиданд. Миёнаи асри 1 то мелод Галлияро римихо забт карданд; аз охири асри 5 мелод кисми асосии давлати Франкхо буд. Соли 843 баъди бархам хурдани империяи Каролингхо ва мувофики Шартномаи Верден дар худуди хозираи Франсия шохии Франки Гарби ташкил шуд; аз асри 10 онро «Франсия» меномидаги шуданд. То миёнаи асри 12 дар Франсия парокандагии феодали хукмрон буд. Соли 1302 баъди даъват шудани аввалин Штатхои генерали дар Франсия хокимияти мутлака ба вучуд омад. Ба инкншофи иктисодиёти Франсия чанги садсола (1337—1453) монеъ гардид. Дар натичаи бад шуданни ахволи халк шуриши Париж (1357—58)—Жакерия бархост. Мутамарказонии давлат асосан дар нимаи дуюми асри 15 дар давраи хукмронии Людовики XI ба анчом расид. Мутлакият баъди Чангхои динни асри 16 боз хам мустахкам гардид вадар ахди Людовики XIV ба дарачаи олии худ расид. Дар асрхои 15—17 шохони франсави ба мукобили Габсбургхо (Чанги Италия, 1494—1559; Чанги сисола 1618—48) муддати дароз муориза бурданд. Революсияи Кабири Франсия сохти мутлакаи феодалиро бархам дод. Соли 1792 Франсия республика (республикаи якум) эълон шуд. Зинаи олии ин революсия диктатураи якобинчиён буд. Табаддулоти термидор соли 1794 галабаи контрреволюсияи буржуазиро таъмин намуд. Тартиботи Директорияро (1795 —99) диктатураи харбии Наполеон [сараввал дар шакли Консули, аз соли 1804 дар шакли империя (империяи якум)] иваз намуд ва сохти буржуазиро боз хам мустахкам кард.
Стансияи электрии атомии Шинон дар сохили дарёи Луара.
Чанги ватании соли 1812 боиси шикаст хурдани империяи Наполеон гардид. Дар давраи азнавбаркароршавии мутлакият (1814—1815, 1815— 30) хукмронии сиёси ба дасти дворянхо ва рухониён гузашт. Дар натичаи Революсияи июли 1830 басари хокимият аъёну ашрофи молияви омад. Дар натичаи революсияи февралии 1848 республикаи буржуази Греспубликаи дуюм) барпо шуд. Минбаъд револютсия 1848 инкишоф наёфт.
Соли 1852 империяи дуюм мукаррар гардид ва он дар натичаи чанги Франсияю Пруссия (1870—71) бархам хурд. Республикаи сеюм ташкил гардид (1870—1940). 18 марти 1871 дар Париж аввалин дар чахон революсияи пролетари ба амал омад (нигаред Коммунаи Париж) ва онро буржуазия берахмона пахш кард. Соли 1875 конститусияи республикаи сеюм кабул гардид. Солхои 1879—80 якумин партияи марксисти — Партияи коргари таъсис ёфт. Дар ибтидои асри 20 харакати сосиалисти суст шуд ва дар натича Партияи сосиалистии Франсия (бо рохбарии Ж. Гед, П. Лафарг ва дигархо) ва Партияи сосиалистии франсави (бо рохбарии Ж. Жорес) ташкил шудавд. Соли 1905 ин ду партия бо хам муттахид гардиданд. Дар охирхои асри 19— аввали асри 20 капиталиами Франсия бадавраи империализми (ба ибораи В. И. Ленин, капитализми судхур) дохил шуд. Охири асри 19 ташаккули империяи мустамликадории Франсия асосан ба охир расид. Франсия дар хайати Антанта дар Чанги якуми чахони иштирок намуд ва чанг бо шартноман Сулхи Версал (1919) ба фоидаи импориалистони Франсия анчом ёфт. Мувофики ин шартнома Ф. Элзас ва Лотарингияро баргардонида гирифт. Дар интервенсияи зиддисовети иштирок кард. Солхои 1918—20 харакатхои революсиоми авч гирифт. Соли 1920 Партияи коммунистии Франсия таъсис ёфт. Франсия бо СССР аз соли 1924 алокаи дипломати дорад. Соли 1935 оид ба ёрии хамдигарй шартномаи СССР— Франсия имзо шуд. Январи 1936 дар асоси фронти ягонаи коргари [Партияи коммунистии Франсия (ПКФ) ва Партияи сосиалисти (СФИО), 1934] Фронти халки таъсис ёфт. Хукумати Фронти халки фаъолияти ташкилотхои фашистиро манъ кард, барои бехтар намудани шароити мехнаткашон чорахо андешид (хафтаи кории 40-соата, отпускхои пули ва гайраро чори кард). Соли 1938 Фронти халки пароканда шуд. Доирахои хукмрони Франсия рохи «оромкунии» фашистони тачовузкорро пеш гирифтанд, ки он ба сар задани Чанги дуюми чахони мусоидат намуд. Соли 1940 кушунхои Германия ва Италияи фашисти Франсияро забт карданд. Тартиботи фашистии «Виши» ба вучуд омад. Ташкилкунандаи асосии Харакати мукобилат бар зидди фашизм Партияи коммунистии Франсия буд, харакати «Франсияи озод» (аз соли 1942— «Франсияи мубориз») бо рохбарии Ш. де Голл низ дар ин мубориза роли мухим бозид. Охири 1944 (дар натичаи амалиёти кушунхои коалисияи зиддититлери ва Харакати (мукобилат) Франсия озод карда шуд. Солхои 1944—47 ба хайати хукумат коммунистон хам дохил буданд; ислохоти ичтюмоии прогрессиви гузаронида шуд, конститусияи республикаи 4-ум кабул гардид (1946). Соли 1949 Франсия аъзои НАТО ва аз соли 1957 аъзои Иттиходи иктисодии Европа (ИИЕ) шуд. Франсия соли 1954 шартномаи Женеваро оид ба сулх дар Хиндухитои имзо кард. Соли 1958 коиститусияи республикаи 5-ум кабул шуд, ки он хукукхои хокимияти ичроияро бар зарари хокимияти конунбарор васеъ намуд. Ш. де Голл президенти Франсия интихоб гардид. То соли 1960 дар вазъияти парокандашавии системаи мустамликадории империализм бисёр мустамликахои дар Африка будаи Франсия истиклолият ба даст оварданд (аз чумла Алчазоир, соли 1962). Бо максади мустахкам кардани мавкеи байналхалки ва таъмин намудани мустакилияти сиёсати хоричии худ аз блоки НАТО баромад (1966). Муносибати худро бо мамлакатхои сосиалисти, пеш аз хама бо СССР, хеле бехтар кард. Дар хаёти сиёсии дохили Франсия корпартоии умумии соли 1968 ахамияти калоя дошт: Соли 1981 бо дастгирии Партияи Коммунистии Франсия ва дигар куввахои чап номзади сосиалистхо Франсия Миттеран президенти Франсия юнтихоб шуд.
Франсия мамлакати мутараккии индустриалист. Аз руи хачми истехсолои саяоати дар байни давлатхои муттараккии капиталисти яке аз чойхои намоёнро ишгол мекунад. Мавкеи капитали монополияхо ва давлат калон аст. Дар иктисодиёт гуруххои калони монополистии молиявию саноати (Ротшилд, де Вандел ва дигар) хукмронанд. Дар саноат ба дарачаи баланд консентрасияи истехсолот дида мешавад; дар хочагии кишлок сахми истехсолоти майда ва миёна калон аст. Франсия ба хорича капитал мебарорад; дар хочагии Франсия мавкеъи капитали хорича калон аст. Дар саноат кариб 28%, дар хочагии кишлок 11% ахолии кобили мехнат банд аст (1975). Соли 1984 дар Франсия 18 млн т ангиштсанг ва 6,3 млрд м3 гази табии истихроч шуд. Аз хорича нефт меоварад. Соли 1984 Франсия 309,7 млрд кВт°с энергияи электр истехсол кард, аз чумла дар ГЭС-хо 67,1 млрд кВт°с, дар стансияхои электрии атоми 180,0 млрд кВт°с. Соли 1984 Франсия 14,8 млн т маъдани охан, 1,7 млн т боксит истихроч кард. Соли 1984 дар Франсия 14,7 мли т чуян, 19 млн т пулод, 343,5 хазор т алюминий, инчунин ба микдори зиёд рух, сурб, мис ва дигар металлхои ранга гудохтанд. Мошинсози охан асосии саноат ба хисоб меравад (1/3 кисми тамоми коргарони сохаи саноат дар он кор мекунанд). Автомобилсози (3,34 млн автомобил соли 1984, асосан ширкатхои «Рено», «Пежо», «Ситроен»), киштисози, самолётсози сохахои мухимми мошитсози месохтанд. Саноати химия, нефт, тахвили нефт низ таракки кардааст. Махсулоти саноати бофандаги, либосдузи ва чарчилвори, саноати хуроквори ахамияти экспорти дорад. Калонтарин нохияхои саноати инхоанд: Париж, Нохияи Шимоли, Лотарингия ва Лион. Зиёда аз 60% худуди Франсия барои хочагии кишлок истифода мешавад. Чорводори сохаи асосии хочагии кишлок мебошад (23,6 млн сар гов; 12,3 млн сар гусфанд; 11,4 млн сар хук, 1984; парандапарвари). Зироати галладона (32 млн т гандум, 1984; чав, чуворимакка), лаблабуи канд, тамоку ва гайра кишт мекунанд. Токдори, сабзавоткори, богдори ва гулпарвари ривоч ёфтааст. Тули умумии рохи охан 35,0 хазор км (1980),. 1/4 кисмаш электриконида шудааст; роххои автомобилгард 80 хазор км (1960). Дарёхои Сена, Рейн ва каналхои Сена — Шимол, Марла — Рейн киштигарданд. Нефтепроводхои асосиаш: Марсел — Лион —Страсбур — Карлсруэ (РФГ) ва Гавр—Париж. Бандархои асоси: Марсел, Гавр, Руан, Дюнкерк; аэропортхои калонтарин: Париж — Орли, Бурже ва Шарл де Голл. Ба хорича асосан мошину тачхизот, автомобил ва дигар воситахои наклиёт, либос, пойафзол, озукавори мебарорад. 1/2 хиссаи савдои беруни ба мамлакатхои МИБ рост меояд (асооан ба РФГ). Туризми хорича инкишоф ёфтааст (27,3 млн нафар, 1984). Вохиди пул — франки фратсави.