Маълумоти охирин

ФОСИЛА

ФОСИЛА (араби — масофаи байни ду чиз; сутун), 1) дар илми аруз ва мусикии классикии точик рукнест, ки асосан вазн ва ритмро ифода мекунад. Фосила се навъ аст: сугро, кубро ва уммо. Фосилаи сугро аз се мутахаррики пай дар пай ва як сокин таркиб меббад («фаилун» — «тананан»):
Чу рухат кабувад гули боги Ирам,
Чу кадат набувад кади сарви чаман.
(Салмони Совачи).
Фосилаи кубро аз чахор мутахаррики пай дар пай ва як сокин сохта мешавад («фаилатун» — «танананан»). Фосилаи узмо аз панч мутахаррики пай дар пай ва як сокин иборат аст мутафаилун/фаул);
2) дар назарияи мусикии классики ва адвор фосила нишонаи зинахои чойгирии чамъ (катори овозхо) ва макомхоро ифода карда, хамчун аломат ва шаклхоест, ки дар мавриди чудо кардани ченакхои вазн, лахн ва зарб истифода мешаванд (нигаред низ Буъд).
Адабиёт: 3ехни Т., Санъати сухан, Душанбе, 1979;
У. Тоиров.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …