ФОНИИ БУХОРОИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири точик (асри 16). Дар Бухоро ба дунё омада, савод бароварда, камол ёфта, такрибан дар байни солхои 1560—66 дар хамон чо фавтидааст. Аз табакаи поёни ахоли. Дар вачхи маош бебизоат буда, бо душвори умр ба сар бурда бошад хам, ба дарбори хонхои шайбони ру наоварда, тамаъро аз хислатхои пасти одам донистааст. Фонии Бухорои дар эчоди газал ва рубои дасти тавоно ва истеъдоди баланд дошта, рубоии мустазодро хеле ривоч додааст. Дар татаббуи рубоиёти Фонии Бухорои як зумра шуарои асри 16 ва пасин Нисори, Сими, Лутфуллохи Нишопури ва гайра рубои эчод кардаанд. Намунае аз ашъори Фонии Бухорои:
Ди дар дилам он бадху мехраш афзуд.
оре аз чон,
Суи дилам он неку рухсора кушуд.
Бе шакку гумон,
Гайри дилам он дилчу бо кас нанамуд,
он рух пинхон,
Фони, охир аз ту дилро бирабуд.
Бингар ба чи сон.
Фонии Бухороиро сохибдевон ёд кардаанд. То хол девони ашъораш нопайдост.
У. Назиров.
Инчунин кобед
САГИР
САГИР, нигаред, Сугур.