ФОНДИ ЗАМИН дар Точикистон, тамоми заминхои территорияи Точикистон, ки баъди Револютсияи Октябр милли кунонида шудааст. Он дар асоси тартиби муайяни хукуки ва принсипхои ягонае, ки муносибатхои оид ба заминро дар республика танзим мекунанд, моликияти давлати дониста мешавад. Годекси РСС Точикистон оид ба замин тамоми заминхои республикаро фонди ягонаи замин медонад ва таъкид мекунад, ки ба максади гуногуни хочаги истифода шуданаш мумкин аст.
То Револютсияи Октябр дар Точикистон ба бехтарин заминхо амир, бой, амалдор ва рухониён сохиб буданд. Кариб тамоми чорво ва захирахои оби низ дар дасти онхо буд. Дехконони мехнаткаш аз безамини ё камзамини азият мекашиданд. Набудани хайвони кори дехкононро аз имконияти коркарди замин махрум карда, онхоро мачбур мекард, ки бо шартхои гарон дар заминхои боён кор кунанд.
Декрети ленини — «Декрети замин» ибтидои ба амал овардани навсозихои аграри дар Точикистон буд. Дар ин асос хукуки моликияти хусусии помешикон будани замин бекор карда шуд. Соли 1925 дар РАСС Точикистон кариб 150 хазор хочагии дехкони буд. Хар як хочаги аз 0,9 десятина (дар Помир) то 4,3 десятина (дар волости Кургонтеппа) замин дошт. Дар волости Хисор 10,38%, дар Кулоб 12,38%, дар Кургонтеппа 22,49% ва дар Гарм 35% хочагихо тамоман замин надоштанд. Бенавоён аз набудани чорвои кори, олоти хочаги ва гайра низ танкиси мекашиданд. Дар натичаи ба амал баровардани азнавсозихои аграри 2740 хочагии камбагал ва баъракхо зиёда аз 5600 десятина замин гирифтанд. Алхол майдони умумии заминхои РСС Точикистон 14,3 млн га, майдони заминхои хочагии кишлок бошад (то 1 нояби 1985), 4374,3 хазор га, аз чумла заминхои хочагии кишлок, ки хочагихо ва корхонахои он истифода мебаранд, 9534,3 хазор га-ро ташкил медиханд.
Р. Д. Чабборов.